! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

16 апреля, 2008

Қиссаи веблогҳои тоҷикӣ

Веблогнависӣ дар ҷаҳон тайи солҳои ахир падидае маъмулист ва гуфта мешавад дар саросари ҷаҳон милюнҳо нафар барои ибрози андешаҳои шахсии худ дар Интернет сафаҳоти хусусӣ ва ё ҳамагонӣ боз кардаанд. Ҳарчанд мизони дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон маҳдуд аст ва ба гуфтаи коршиносон каме болотар аз 5 дарсади ҷамъияти 7 миллюннафарии ин кишварро ташкил медиҳад, вале гуфта мешавад сафи веблогнависон дар Тоҷикистон ахиран дар ҳоли афзоиш аст. Гуфта мешавад, нахустин вебблогнависони тоҷикӣ тоҷикони бурунмарзӣ будаанд, ки фарҳанги веблогнависиро аз миллатҳои дигар омӯхтаанд. Аз сӯи дигар, веблогнависӣ дар миёни тоҷикони хориҷ аз кишвар ба ин хотир бештар будааст, ки дастрасӣ ба Интернет дар дохили Тоҷикистон маҳдуд ва суръати Интернет кунду хастакунанда аст.

Бештари веблогҳо баҳсҳои сиёсиву иҷтимоъӣ дар Тоҷикистонро бозтоб медиҳанд. Веблогҳои тоҷикии сириллик бо мӯҳтавои ватанпарастона монанди веблогҳои Каюмарс дар интернет зиёд ба назар мерасанд. Бархе аз веблогнависони тоҷик мутмаинанд, ки маҳдудият дар баёни афкори сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон водор мекунад, ки афроди бештаре ба майдонҳои баҳси веблогнависон ворид шаванд ва ибрози андеша кунанд. Дар ҳамин ҳол, фарде бо номи мустаъори Тоҷвар, ки соҳиби яке аз веблогҳои маъруф дар миёни веблогнависони тоҷик аст, мегӯяд, ки ҳадафи ӯ расондани афкори худ, озмоиши ин афкор дар майдонҳои баҳсу вокунишҳои интернетӣ ва кӯмак ба озодии сухан дар Тоҷикистон аст. Ӯ ба далоили амниятӣ, нахост худро муаррифӣ ва бо ман мусоҳиба кунад, аммо дар посухе катбӣ навишт: «Ба ин хотир менависам, ки насли ҷавонро аз иштибоҳҳои насли миёнаи муъосир огоҳ кунам ва то тавонам, нагузорам, онҳоро дигар намояндагони насли ман бо вируси марговари маҳалгароӣ ва рӯҳафтодагӣ заҳролуд кунанд». Ба бовари оқои Тоҷвар веблогнависӣ пулест байни тоҷикон, ки тавассути марзҳои сиёсӣ аз ҳам дур мондаанд. Аммо барои хонум Шаҳзода, нависандаи веблоге ба номи «Самарқанд», веблог ба василае барои гуфтугӯ миёни на танҳо тоҷикони Тоҷикистон ва Узбакистон, балки фаротар аз он табдил шудааст.

Ба бовари коршиносон веблогҳо, майдонҳои баҳси интернетӣ ва истифода аз Интернет дар маҷмӯъ падидаи тозаест, аммо маҳбубият ва таваҷҷӯҳи ҷавонон ба он дар ин авохир ба шиддат боло меравад. Бархе аз веблогнависон мегӯянд, ки тавассути ангехтани баҳсҳои мухталиф дар вебблогҳо мехоҳанд ҷавононро ба баррасии матолиби сиёсӣ ҷалб кунанд ва умедворанд, ҷавонони тоҷикро, ки гуфта мешавад ба умури сиёсӣ алоқа надоранд, аз назари сиёсӣ огоҳ созанд. Бо ин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, ҳарчанд кунтрули веблогҳо дар интернет дар бисёре аз кишварҳо душвор аст, аммо давлатҳои худкома ҳамеша талошҳое барои масдуд кардани блогҳо ва ё танбеҳи веблогнависон ба харҷ медиҳанд.


(Ин матлаб ба Бахши форсии радиои BBC мансуб аст)

15 апреля, 2008

Мардумон гар якдигарро медаранд...

(Бо сипос аз дӯсти азизу арҷмандам Дориюш, ки ин шеъри зебои Фаридуни Мушириро барои мо фиристодааст)

Гуфт доное, ки гурге хирасар,
Ҳаст пинҳон дар ниҳоди ҳар башар.
Лоҷарам ҷорист пайкоре сутург,
Рӯзу шаб мобайни ин инсону гург.
Зӯри бозу чораи ин гург нест,
Соҳиби андеша донад чора чист.
Эй басо инсони ранҷуру пареш,
Сахт печида гулӯи гурги хеш,
В-эй басо зӯрофарин – марди далер,
Ҳаст дар чанголи гурги худ асир.
Ҳар ки гургашро дарандозад ба хок,
Рафта-рафта мешавад инсони пок.
В-он ки аз гургаш хӯрад дар ҳам шикаст,
Гарчи инсон менамояд, гург ҳаст.
В-он ки бо гургаш мудоро мекунад,
Хулқу хӯи гург пайдо мекунад.
Дар ҷавонӣ ҷони гургатро бигир,
Вой, агар ин гург гардад бо ту пир.
Рӯзи пирӣ гарчи бошӣ ҳамчу шер,
Нотавонӣ, дар масофи гурги пир.
Мардумон гар якдигарро медаранд,
Гургҳошон раҳнамову раҳбаранд.

07 апреля, 2008

Маргро дӯст дорам...

«Маргро дӯст дорам, чун маро аз одамҳое наҷот медиҳад, ки мепиндоранд ман аз онҳо бегонаам. Чун ман он чиро, ки аз фариштагон мешунавам, ба забони башар тарҷума мекунам. Дӯст дорам. Дӯст дорам, ки бо иштиёқ бимирам ва бо дилмурдагӣ зинда набошам. Мехоҳам аъмоқи нафасам гуруснаи ишқ ва зебоӣ бошад».

Ҷуброн Халил

04 апреля, 2008

Парешонгуфтор

Имшаб аз ҳар шаби дигар ваҳшатбор буд. Ҳама аз марг меандешидам ва тоза фаҳмидам, ки барои ҷомеъаи мо журналист танҳо барои як рӯзи вомондагӣ зарур асту халос. Ӯро фардо аз хотираҳо фаромӯш мекунанд. Бар замми ин боз ҳам таъна ҳам мезнанд, ки «журналистон мардуми дурӯғгӯянд». Аммо намедонанд, ки вақте журналист ба дунё омада буд: мӯйи сари сафед надошт; бемори саратон набуд; бисёр ғам намехӯрд ва касеро намешинохт. Танҳо ин қалами сиёҳ мӯйи сарашро сафед карду зуд ба хоки сиёҳаш бурд.

Гоҳо аз журналистон дар вақти зинда буданашон гули сари сабад месозанд. Баъд аз маргашон хори сари гӯр. Дуъою фотиҳаашон ҳам бад нест: Хайрият, халос шудем.

Ҳоло аз як ҳамкасби азизам, ки шаш сол инҷониб миёни мо нест, ёд мекунам. Бори аввал ӯро даруни кабинети корияш дида будам. Зане, бо ҷуссаи хурд, аммо меҳрубону кордон. Вақте шеъру навиштаҳои нахустини маро медид, мепурсид, ки дар оянда кӣ хоҳам шуд. Мани бехабар аз дунёи макру фиребҳо бо даҳони пур ҷавоб додам: журналист. Ҳамон дам оҳи бадард кашид. Ин оҳи сарди бадардро то ҳанӯз наметавонам фаромӯш кунам ва он маро то ҳол ором намегузорад. Акнун ман ба ёди ӯ оҳи сард мекашам. Охир, ҳоло ҷуз хоки сард дигар касе ҳамдаму ҳамрози ӯ нест. Ҳатто ҳукумати ноҳия (манзур ҳукумати ноҳияи Ашти вилояти Суғд), ки ҳамавақт ӯро болои даст мекард, фаромӯш кардааст, ки замоне як журналист Солеҳамоҳ Раҳматуллоева ҳам буд. Ҳамон журналисте, ки тақрибан бисту ҳафт сол ақидаҳои ҳукумат, демократия, сулҳу ваҳдатро тарғиб мекард.

Солеҳамоҳ умри чилу нӯҳсолаи худро беҳуда нагузаронидааст. Вай ғаму андӯҳи мардумро рӯйи коғаз овард. Дарди дили занони деҳаи Муломирро, ки гоҳе рӯйи офтобро мебинанду гоҳе не, китобат кард. Қиссаи азёдрафтаи Зулайхоро зинда намуд. Вай мурдан намехост, ки «Ман намеирам, оча»-ро навишт. Очааш ҳам намехост, ки ӯ бимирад. Аммо хок ӯро бурд. Бурд, то лаҳзае ҳамсӯҳбати ин зани фархунда шавад. Чун дарди дилашро инсоният шунидан нахост, хок бурд, то ғаму ҳасрати Солеҳамоҳро бишунавад.

Як шаб ба хобам омада буд ва мегуфт, ки қиссаи дигаре менависад. Хандидам. Гуфтам, ки «муаллима ин тавр нагӯед. Агар мардум ин суханатонро бишунаванд, боз мазоҳ мекунанд, ки дурӯғ мегӯед». Солеҳамоҳ гиря кард: Охир, бо чашмони худам гӯрро дидам. Бовар мекунанд ё не, ҳатман қиссаи гӯрро хоҳам навишт. Мани аблаҳ боз хандидам. Ин дафъа баландтар. Чашмонамро боз кардам, ки сураташ рӯи китобҳоям хобидааст.

Ман қабл аз ин қабристони деҳаамонро чашми дидан надоштам. Чунки ин гӯшаи хоки сиёҳ бобову бибӣ ва тағову аммаи ҷавонмарги маро ба коми худ бурда буд. Ҳар вақте барои дидани онҳо мерафтам, хоки сиёҳи бераҳм рӯйи онҳоро ба ман нишон намедод, то бӯсаашон кунам ва ҳолпурсӣ намоям. Нооилоҷ, ба ҷойи рӯяшон хоки сари гӯрашонро мебӯсидам. Бовар кунед, қаҳрам омад ва гуфтам, ки дигарбора сӯйи ин хоки сиёҳ нахоҳам омад. Аммо марги Солеҳамоҳ боз маро ба ин «диёр» овард. Ин дафъа ҳам хоки сиёҳ бераҳмӣ кард. Гуфтам, ки Солеҳамоҳро як бор бубинам, нишон надод. Намедонам, пас аз ин ӯро кай медида бошам?

Солеҳамоҳ Раҳматуллоева дар тамоми рӯзгори чилу нӯҳсолааш ба касеву чизе хиёнат накардааст. Аммо гӯри чӯкидаашро дида, дилам таҳ кашид. Наход, поёни рӯзгори ҳамаи мо чунин бошад?

Солеҳамоҳ саропо ғам буд. Ҳассос. Дардфаҳм. Ҳар афтодаро таскин медод.
Агар дил мемурд, ин қадар дил об намекардам. Афсӯс, ки боз як дилдору дилбардори мо мурд!

Солеҳамоҳ ишқро медонист. Ошиқ буд. Агар ишқ мемурд, дигар ошиқ намебудам. Афсӯс, ки боз як ошиқу ёри мо мурд.

Афсӯс, ки Солеҳамоҳи мо мурд…


PS: Солеҳамоҳ Раҳматуллоева 10 апрели соли 1953 дар ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаб, соли 1970 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дохил мешавад. Чанд муддат дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ҳам кор кардааст. Аммо баъд ба зодгоҳи худ баргашта, дар идораи нашрияи маҳаллии «Шӯҳрати Ашт» кор мекунад ва соли 1993 сардабири ин нашрия таъйин мешавад. Асарҳои навиштааш, аз ҷумлаи «Зулайхо», «Абармарди матин», «Қиссаҳои маҷнунбед», «Гадоӣ», «Ман намемирам, оча» ва моҳномаи «Маҳрам» (муассисаш Солеҳамоҳ) номи ӯро миёни мо зинда медорад.

02 апреля, 2008

Рудакии мо кадом аст?

Аксҳои гуногуни асосгузори адабиёти классики форсу тоҷик Устод Рӯдакиро аз саҳифаҳои гуногуни интернетӣ ҷустуҷӯ кардан имкон дорад. Аммо бештари аксҳо ба ҳам шабеҳ нестанд ва аз миёни онҳо Рӯдакии шоирро шинохтан мушкил аст. Ин мавзӯъро дар як нашрияи маҳаллӣ (Озодагон) рӯзноманигор ва нависандаи хушсалиқа Қодири Рустам низ дар миён гузошта таъкид карда буд, ки «Рӯдакии мардумро аз онҳо нагиред». Яъне, сурати Рӯдакиро дигар накунед. Аксе, ки мардум аз аввал Рӯдакиро аз рӯи он мешинохтанд. Ман ҳам имрӯз дар миёни саҳифаҳои мухталифи интернетӣ ва аксҳои мухталифи Устод Рӯдакӣ гум шудам. Вале Рӯдакӣ барои ман ҳамоне буд, ки ҳоло аксашро мебинед.
Ва боз ин аксҳоро низ бо номи Рӯдакӣ дар Интернет дарёфтан мумкин аст:

31 марта, 2008

"Хайём ва Путин". Муносибати сарди русҳо ба тоҷикони муҳоҷирро гарм мекунад?

Маҳмаднабӣ Ҷабборов, як хонандаи тоҷик, СиДии рубоиёти Умари Хайёмро нашр ва онро ба раиси ҷумҳури Русия оқои Путин тақдим кардааст. Маҳмаднабӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки ин тасмими ӯ барои хотири меҳри беандоза доштани Путин ба рубоиёти Умари Хайём, яке аз шоъирони классики форсизабон анҷом шудааст. Дар СиДии «Шоистаҳо тақдир намешаванд» метавон рубоиёти Хайёмро ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ шунид. Аз дастгоҳи раиси ҷумҳури Русия ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтаанд, ки Путин ба интишордиҳанди ин СиДи аллакай мактуби сипос фиристодааст. Қаблан ҳам дар яке аз шаҳрҳои Русия китоби «Хайём ва Путин»-и адиб ва рӯзноманигори тоҷик Бобоҷони Икром рӯи чоп омад ва ба яке аз серхаридортарин китоби рӯзи вилоёти Русия бадал гардид. Бобоҷони Икром дар як сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин талоши ӯ на барои рӯҳбаландии оқои Путин, балки барои мӯътадил кардани тасаввуроти русҳо дар нисбати тоҷикони муҳоҷир анҷом шудааст. Ба ин маънӣ, ки бояд русҳо низ бидонанд: тоҷикон мардуми ҳамин рӯз нестанд, балки гузаштаи тӯлониву арзишманде доранд. Аммо то куҷо ин ҳама ба дили русҳои мӯйзарду чашмкабуд таъсир хоҳад кард?

28 марта, 2008

«Фитна»-и навбатӣ?

Узви ростгарои парлумони Ҳолланд Гирт Вилдерс дирӯз (27 март) филми зиддиисломиаш бо номи “Фитна”-ро тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет нашр кард. Ин филм ҳанӯз то нашр шуданаш эътирозҳои густардаеро аз сӯи мусалмонон ба бор овард ва нашри он тавассути Интернет нигарониҳоро дар бораи эҳтимоли бурузи мавҷи нави эътирозот бештар мекунад. Вилдерс гуфтааст, филми ӯ китоби “фашистӣ” будан ва мардумро ба хушунат таҳрик додани “Қуръон”-ро намоиш медиҳад. Давлати Ҳолланд расман аз ин филм фосила гирифта, изҳори ташвиш кардааст, ки нашри филми “Фитна” метавонад мардуми ин кишвар ва ҳам тиҷораташро дар хориҷ ба хатар рӯбарӯ кунад. (www.ozodi.org)

«Фитна»-ро мешавад аз ин ҷо тамошо кард:
http://www.liveleak.com/view?i=7d9_1206624103

26 марта, 2008

Лоиқ қаҳрамони миллист?

Соли 2000 Лоиқ Шералӣ, шоири мардумии Тоҷикистон, дар синни 59–солагӣ аз дунё даргузашт. Барои посдорӣ ва пойдории номи ин шоир пас аз як соли фавти ӯ, гурӯҳи ҳамқаламонаш унвонии ҳукумати Тоҷикистон нома навиштанд ва дархост намуданд, ки хидматҳои дар ҷодаи адабиёт ва забони тоҷикӣ ба анҷомрасонидаи Лоиқро ба назари эътибор гирифта барояш унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистонро бидиҳанд. Аз замони навиштани ин нома то имрӯз тақрибан ҳафт сол гузаштааст. Ҳоло ҳам ҳукумат ва ҳам порлумони Тоҷикистон дар робита ба додан ё надодани ин унвони олӣ ба Лоиқ Шералӣ посухи манфӣ ё мусбате надодаанд. Оё Лоиқ дар радифи Айниву Турсунзода ва Ғафурову Раҳмонов метавонад қаҳрамони миллии тоҷикон бошад?

Ба ин суол ҷавобҳо мухталифанд. Бархе ҷонибдори Қаҳрамони миллии Тоҷикистон гаштани устод Лоиқанду бархеи дигар зидди ин пешниҳод. Ҷонибдорон ба чунин унвон сазовор будани устоди суханро як амри бебаҳс медонанд. Масалан, иддае аз ҷонибдорон бар ин ақидаанд, ки вақте шахсиятҳои адабиёти мо ба монанди Айниву Турсунзода сазовори ин унвони олӣ мешаванд, дар адабиёти асри гузаштаи тоҷик саҳми Лоиқ низ аз онҳо камтар нест. Дар ин маврид шоири тоҷик Гулназар Келдӣ, яке аз ҷонибдорони ин пешниҳод, мегӯяд: «Унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон аз насибаи Устод Лоиқ дур нест. Фардо ё пасфардо ӯ ин унвонро хоҳад гирифт. Аммо муҳим он аст, ки ӯ ҳақиқатан шоири халқист ва аз ин дида унвони олитаре нест!».

Иддае дигар мегӯянд, хизмати Устод Лоиқро дар назди миллати тоҷик бо ягон унвони ҳатто олитарин ҳам андоза кардан ғайриимкон аст. Саҳми Устод дар пешрафти тафаккури миллии тоҷикон хеле бузург мебошад. Дар айёми Шӯравӣ Лоиқ аввалин шоире буд, ки аз баёни вожаи МИЛЛАТ наҳаросид ва аз бузургии миллати тоҷик ҷасурона дар шеърҳояш гуфт. Ӯ рӯҳи ба сукутрафтаи шеъри тоҷикро аз нав бедор кард. Ӯ боз озодии андешаҳои Мавлавию Ҳофизу Хайёмро зинда сохт. Ӯ ончунон миллати худро ситоиш кард, ки идеологҳои Шӯравӣ натавонистанд ӯро ба миллатгароӣ муттаҳам кунанд. Фикр мекунам, ин гуна фард (махсусан фарди миллӣ!) ба ягон унвон ниёз надорад, вақте номи ӯ дар саҳифаҳои хотироти як миллат сабт шудааст. Унвон дошта ба зудӣ аз хотираҳо рафтан мумкин аст, ки ин таҷрибаро мо ба чашми сар ҳам дидему аз таърих ҳам хондем.

Гулрухсор Сафиева, шоири шинохтаи тоҷик, хунсардона таъкид мекунад, ки: «Барои Лоиқ на унвони қаҳрамонӣ лозим асту на унвони темурмаликӣ ва на деваштичӣ. Вай як шоире буд, ки хидматашро ба ҷой оварду рафт. Ин унвонаку номакҳо низ як меоянду мераванд. Лоиқ ҳар вақт мегуфт: аз он метарсам, ки шеърам пеш аз худам намирад. Метарсам, ки худам пеш аз шеърам пир нашавам. Хушбахтона, пир нашуд. Шеъраш ҳам пеш аз худаш намурд. Ва як чизи асосӣ он аст, ки мардум фаромӯшаш накарданд».

Ҳамин Лоиқ буд, ки барои покии забони модарӣ ҷонбозиҳо карду нақши худро гузошт. Он рӯзҳое, ки аз пасу пеши Лоиқ мерафтанду бо кафкӯбӣ ӯро муаррифӣ мекарданд, он Лоиқ набуд. Лоиқи асил он буд, ки худ ба худ месӯхт, месохт, дард мекашид. Гурӯҳе вуҷуд доштанд, ки аз пушти номи Лоиқ нон мехӯрданд ва ҳанӯз ҳам нон мехӯранд. Ҳалолашон бод! Дар зиндагӣ аз паси одамони беҳунару беистеъдод таҳқирҳо дид, заҳматҳо кашид. Он вақтҳо аз болояш ба «боло» бисёр мактуб менавиштанд. Лоиқ пеш аз ҳама шахсият буд. Шоир ё нависанда будан мумкин, аммо шахсият набошӣ, ҳеҷ. Агар Лоиқ шеър ҳам наменавишт, дар байни ҳазор нафар мо медонистем, ки ин шахс худашро эҳтиром мекунад, ба қадри зиндагӣ мерасад ва ҳамин одам аст, ки дар дӯстиву рафоқат ҳамрадифашро намефурӯшад. Ана, инро шахсият мегӯянд. Лоиқ боз ҳам шоири насли худ буд. Ва одатан ҳамон шоире, ки шоири насли худ аст, метавонад , шоири насли дигар ҳам бошад.

Сари унвони Қаҳрамони Миллӣ гирифтани Лоиқ Шералӣ андешаҳо мухталифанд. Аммо касе аз ҳамсӯҳбатон нақши чашмраси ӯро дар пешрафти тафаккури худшиносии миллӣ ва адабиёти тоҷик инкор намекунанд. Ростиӣ, унвон додан ва қаҳрамон будан дар даврони собиқ Шӯрави як анъанаи расмӣ буд. Ва замоне фаро расид, ки ба истиснои баъзе қаҳрамонҳои воқеъӣ аксари қаҳрамонҳо фаромӯш шуданд ва ин далели он гардид, ки барои инсон унвон муҳим нест. Муҳим он аст, шахс ҷовидона дар ёди мардум нақш бандад. Ва ин ҳақро танҳо худи мардум дорад ва касе ҳам наметавонад мардумро маҷбур кунад, ки киро дӯст дораду киро не, киро дар дили худ ҷой диҳад ва киро на.

Фикр мекунам, дар назди онҳое, ки ҳарфи охирин аз забони онҳо бояд садо диҳад, мушкиле пеш меояд: оё унвоне, ки онҳо ба шоири миллат медиҳанд ба боло рафтани обрӯву манзалати ӯ мусоидат мекунад, ё баръакс? Ҳарчи ҳам набошад, дар сурати ба Лоиқ лоиқ надонистани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дастандаркорон ва ҳам мухлисони ӯметавонанд озодона нафас кашанд: Лоиқ ба ягон унвон ниёз надорад!