...Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли 2002-ро дар Куйбишев гузаронидам. Бо хушиву хурсандӣ. Агар аз як сӯ донишҷӯ шуданам маро хушҳол мекард, аз тарафи дигар бо даҳҳо наздикони падарам, ки солҳои тӯлонист аз макони бобоии худ ба Куйбишев кӯчида омада ва дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр кардаанд, аз наздик ошно шудам.
Барои аввалин бор дар меҳмонии Бобои Мирзобой дар табақи чӯбин ғизо хӯрдем. Ин ҳам барои ман ҷолиб буд. Зеро агарчӣ дар деҳаи мо аз қошуқи чӯбин истифода мекунанд, вале табақи чӯбинро кам дидаем. Ва ҳам барои аввалин бор буд, ки дар ин ҷо фатиршӯрбо хӯрдем.
Бобои Мирзобой, ки номашро дар ин ҷо зикр кардам, тағои падарам аст. Тағои ӯгайи падарам. Вай дар солҳои ҳукумати шӯравӣ ба Кӯйбишев омада, ҳамроҳи чанд тани дигар дар замини холӣ манзил бунёд ва, ҳамин тавр, заминҳоро корам кардааст. Ҳоло дар деҳаи мо як бародари ӯ зиндагӣ мекунад.
Аммо Бобои Мирзобойро мо камтар мебинем. Зеро ӯ дар як сол як бор ва ё шояд дар чанд сол як бор ба деҳа равад. Як писари ӯ Раҳимҷон чанд сол пеш дар деҳаи мо зиндагӣ кардааст. Вай як писару як духтар дошт. Ҳофизу Мастона. Модарашон барвақт аз дунё гузаштааст. Ҳофизу Мастонаро бошад, бобову бибияшон ба воя расонидаанд.
Солҳои ҷанги дохилӣ як писари дигари бобои Мирзобой тамоми ҷиҳози хонаашро ба деҳаи мо бурд. Як қисмашро дар хонаи мо монду як қисми дигарашро дар хонаи додари бобои Мирзобой.
Он вақт сабаби инро намедонистам. Фақат медонистам, ки дар кишвар ҷанг асту онҳо барои амнияти худ ба деҳа омадаанд ва ҳам ҷиҳозашонро низ овардаанд. Ҳоло сабаби ин ҳамаро мефаҳмам. Аз сабаби ин ки зани бобои Мирзобой ҷои баромадаш Ғарм аст, дар даврони ҷанги дохилӣ онҳоро вовчик гуфта ранҷ медодаанд.
Пас аз хатми ҷанг писари бобои Мирзобой тамоми ҷиҳозашро дубора ба Куйбишев овард. Ва то кунун ӯро надидаам.
Хулоса, Куйбишев барои ман аз ҳар ҷиҳат ҷолиб буд ва сафҳаи наверо дар зиндагиии ман боз кард. Дар ин ҷо, дар тӯйи хонадоршавии писари аммабачаам, ки маҳз ба ин сабаб ба Куйбишев омада будам, Мастона – набераи бобои Мирзобойро дидаму дил бохтам. Вай натанҳо духтари зебо, сиёҳчашму кокулдароз ва ҳалиму меҳрубон, балки хеле боэҳтиром низ буд. Ҳамеша ҳамроҳи бибияш мегашт.
Натавонистам оташи меҳре, ки нисбат ба ӯ дар дили ман аланга мезад, аз Мастона пинҳон дорам. Вай низ гӯё чашмакзаниҳои маро мефаҳмид. Мо бо ҳам унс гирифтем. Бештари вақтамро, кӯшиш мекардам, ки дар хонаи бобои Мирзобой гузаронам, то ҳарчӣ бештар бо Мастона наздиктар бошам.
Аммо дар бораи ишқу ошиқӣ ба ҷое нарасидем. Зеро шаби тӯйи хонадоршавии Обидҷон ҳам баргузор шуду бозгашти мо ба шимоли кишвар наздиктар. Шаби тӯйро бо хушӣ гузаронидем. Келинро ба хонаи бахташ дароварданд. Тарафи арӯс одати аҷибе доштаанд, ки бояд як нафари намояндаи онҳо то субҳ дар наздики ҷойи хоби арӯсу домод бинишинад.
Домод инро қабул накард. Чунки ӯ ҳам мисли ман буду ин одатро намедонист. Вай дар ҳаяҷон афтода буд. Вале ҷониби арӯс, аз ин ки одати онҳоро домод нодида гирифт, хонаи аммаамро тарк карданд. Бо ин ҳол, як намояндаи арӯс худаш танҳо монд ва ҳамроҳи аммаи калониям, ки аз деҳа омада буду домод наберааш аст, хоб рафт.
Мо ҳам то дергоҳ ҳамроҳи акои Абдукарим, ки духтури дандон ва холабачаи падарам аст, сӯҳбат кардему хоб рафтем.
Субҳ офтоб баромада буду моро аз Куйбишев гусел мекард. Баъзеҳо гиря мекарданду баъзеҳо даст меафшонданд. Ман ҳам даст бардоштам, ба уммеде, ки дубора боз гардам ва ба ишқам бирасам...
Мо аллакай дар роҳ будем...Аз самти Куйбишев ба суйи Хуҷанд...
Комментариев нет:
Отправить комментарий