Мисли ин даҳҳо калисои насронӣ ҳастанд, ки барои мардуми Тоҷикистон зангӯла мезананд... |
Тоҷикон – мардуми таҳаммулнопазир?
Мақомоти расмии Тоҷикистон бо ишора ба ин ки аксари сокинон аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунанд ва ин мазҳаб ба унвони мазҳаби таҳаммулгаро эътироф шудааст, мегӯянд, ки сокинони кишвар мардуми ботаҳаммуланд. Вале иддае аз коршиносон ин даъвои мақомотро рад мекунанд.
Аз ҷумла, Музаффар Олимов, раҳбари созмони назрпурсии “Шарқ”, дар заминаи пурсишҳои ин марказ, ки дар гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон анҷом шудааст, мегӯяд, мардуми тоҷик на ба он ҳадде таҳаммулпазиранд, ки тавсиф мешаванд:
“Вақте савол дар бораи он меравад, ки шумо дар бораи ҳамсояҳои худ, шахсони бегона ва намояндагони мазҳабҳои дигар чӣ назар доред, посухашон чандон мусбат нахоҳад буд. Аз посухи онҳо рӯшан мешавад, ки табитан мо аз ҳад зиёд таҳаммулпазир нестем. Ин таҳқиқоти мо дар тӯли як сол ва ё мӯҳлатҳои кам не, дар тӯли чандин солҳо анҷом шудааст. Чунин таҳаммулнопазирии мардум дар минтақаҳо ҳам ба назар мерасад, дар шаҳрҳо ҳам”.
Марзи таҳаммул то куҷост?
Аммо аз нигоҳи баъзе аз соҳибназарон, сабру тоқат ва таҳаммул гӯиё ба ҷузъе аз зиндагӣ ва ё одатҳои мардуми тоҷик табдил шудааст. Масалан, “сари хамро шамшер намебурад” ё “сабр кунед, аз ғӯра ҳалво мепазад”, масал ё зарбулмасалҳое ҳастанд, ки худи мардум эҷод кардаанд. Ва ин ба гуфтаи соҳибназарон, навъе аз нишонаи таҳаммулгароӣ ё пурсабрии сокинон будааст.
Ин дар ҳолест, ки Мавлавии Файзмуҳаммад, аз рӯҳониёни шинохта дар Тоҷикистон, мегӯяд, бояд сабр ҳам ҳадду канор дошта бошад. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, он сӯи марзи сабр тарсуии бандагони Худо хоҳад буд: “Он мақоле, ки касе як шаппотӣ ба ин тарафи рӯят зад, он тарафи рӯятро бидор, ғалат аст. Инро сабр намегӯянд. Ин таҳаммул не, ин тарс аст. Набояд инсон сабр мекунам гуфта, тарсад ва ҳар кас ӯро зери по кунад. Инро шариати мову шумо тавсия намедиҳад. Шариати мо мардумро ба ин хел хориву залилӣ намебарад. Вақте инсон, ки хор шуд, бояд дар муқобили нафари хоркунанда амале нишон диҳад”.
Таҳаммул аз нигоҳи ислом
Замоне ки сӯҳбат аз таҳаммул ва сабру шикебоӣ дар Тоҷикистон меравад, ҳатман аксарият дини исломро пеши назар меоранд. Мавлавии Файзмуҳаммад, рӯҳонии тоҷик, ҳам мегӯяд, таҳаммул аз муҳимтарин нуктаи таълимоти ислом будааст ва ин мазҳаб ҳамеша пайравони худро ба сабр, тоқат ва шикебоӣ даъват кардааст: “Ҳазору чорсаду сӣ сол мешавад, ки исломро зиёда аз се як ҳиссаи ҷомеаи башарӣ як дини мақбул медонанд. Зеро дар дохили ислом таълимоте мисли инсонсозӣ ва ҷомеасозӣ зиёд аст, ки яке аз ҳамин шохаҳо таҳаммулпазирист”.
Зикри таҳаммул дар Қуръон
Зимнан гуфта мешавад, ки калимаи “сабр” ҳам дар чанд ҷое аз Қуръон зикр ёфтааст. Масалан, дар сураи Фурқон омадааст, “инҳо ҳамон касонанд, ки ба хотири сабре, ки таҳаммул кардаанд, ғурфаҳои биҳиштро музд ёбанд ва дар он ҷо ба дуруду саломашон бинавозанд”.
Аз Мавлавии Файзмуҳаммад пурсидам, ки оё сабр ва таҳаммул ба чӣ маъное дар Қуръон зикр шудааст. Вай мегӯяд: “Дар ахири срураи аср “ватавосав билҳаққӣ ва тавосав биссабр” гуфтаанд. Яъне, Худованд васияти сабр карданро ба бандагонаш имтиёз додааст. Ба сабр васият кардан яке аз имтиёзҳои бандагони мӯъмин аст, ки ҳамдигарро дар мушкилиҳо ба сабр даъват кунанд”.
Дини ислом то куҷо таҳаммулпазир аст?
То куҷо дуруст аст, ки исломро чун дини таҳаммулгаро мешиносанду мегӯянд? Дар як сӯҳбат Фаррух Умаров, таҳлилигар ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии наздии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, аз нигоҳи назарӣ дини мубини ислом чандон дини таҳамммулгаро нахоҳад буд. Зеро ба таъкиди вай, ин дин гӯиё расман таҳаммулгаро набудани худро эътироф кардааст:
“Ислом таҳаммулпазир нест нисбат ба мушрикин, ба бисёрхудоӣ, нисбат ба зардуштиҳо. Дар сураи Муҳаммад дар Қуръон омадааст, ки эй мусулмонҳо агар шумо бо кофирон рӯ ба рӯ шавед, онҳоро гардан занед. Аз нуқтаи назари ислом таҳаммулпазирӣ нисбат ба кофирон умуман вуҷуд надорад. Ин нукта дар Қуръон сабт шудааст. Яъне, худи инсониятро ба кофиру мусулмон тақсим кардан худ гувоҳи он аст, ки таҳаммулпазирӣ дар ислом вуҷуд надорад”.
Намояндагони адён дар Тоҷикистон таҳаммулпазиранд?
Ин назари оқои Умаров дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон гурӯҳҳои исломие зуҳур карданд, ки дақиқан ҳамзистӣ бо адёни ғайрро қабул надоранд. Ҳатто то ҷое, ки ихтилофашон бо мазҳабҳои дохили ислом ҳам авҷ гирифтааст. Масалан, пайравони ҷараёни салафия, ки ҳамакнун фаъолияташ аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон манъ шудааст, расман пайравони чор мазҳаби исломро қабул надорад. Ё ки ҳузури пайравони аҳли шиаро умуман таҳаммул намекунад.
Бо ин ҳол, Идибек Зиёев, масъули Идораи умури дин дар вазорати фарҳанг мегӯяд, то кунун дар Тоҷикистон низоъ ё бархӯрди мазоҳиб мушоҳида нашудааст: “Шукри Худованд то имрӯз дар ҷумҳурии мо дар ҳамин замина якон ҳисси бадбинӣ нисбат ба дигарҳо вуҷуд надорад. Тамоми шароит муҳайё шудаанд, то ҳама аз дини худ пайравӣ кунанд ва худои худро бо урфу одатҳои гузаштагонашон ниёиш кунанд. Имрӯз дар ҷумҳурии мо ягон заминаи хусумат ва ё хушунат нисбат ба адён вуҷуд надорад”.
Оқои Зиёев ҳамчунин афузд, ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодӣ ба эътиқодро дар кишвар кафолат додааст ва тибқи ин қонун ҳар нафаре ҳақ дорад, ки пайрави ин ё он дин бошад ва ё ки набошад. Аммо ин дар ҳолест, ки дар соли 2000 дар шаҳри Душанбе як маъбади марбут ба калисои масеҳии “Сон-Мин”-ро таркониданд ва соли 2004 дар шаҳри Исфара роҳиби баптист Сергей Бессараб дар натиҷаи як амалиёти пайравони гурӯҳи тундрави мазҳабии мавсум ба “Байъат” кушта шуд.
Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон даҳҳо калисои масеҳӣ ва ибодатгоҳи яҳудиёну пайравони ҷарёни масеҳии “Сонмин”-ро дидан мумкин аст, ки дар маҳаллҳои сукунатии мусулмонон бунёд ёфтааст. Худи пайравони адёни ғайр ҳам мегӯянд, то кунун мавриди хушунат аз сӯйи мусулмонони Тоҷикистон қарор нагирифтаанд. Баръакс, аксари кулли онҳо аз тарзи муносибати хуби мусулмонони Тоҷикистон бо онҳо истиқбол мекунанд.
Ҷиҳод – муқобили таҳаммулгароӣ?
Замоне ки аҳд кардам, ин навбат дар бобати таҳаммул ва таҳаммулгароӣ сӯҳбат кунем, вожаҳои муқобилмаънои онро ҳам ҷустам. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ антоним ё муқобилмаънои калимаи таҳаммул таҳаммулнопазирӣ зикр шудааст.
Аксари коршиносон аз нуқтаи назари ислом муқобилмаънои ин калимаро ҷиҳод арзёбӣ мекунанд. Аксарият мегӯянд, ислом шояд танҳо динест, ки расман ҷанг алайҳи дуушманони исломро эълон кардааст. Аммо дар муқобили ин, Мавлавии Файзмуҳаммад мегӯяд: “Худованд ашиддоу алал куффор гуфтааст, яъне сахтгиранд мусулмонҳо бар кофирҳо. Аммо руҳамоу байнуҳум, аммо дар байни худашон бисёр бо раҳм бо шафқат ҳамдигарро лутфу меҳрубонӣ доранд”.
Комментариев нет:
Отправить комментарий