Ҳоҷӣ Мирзо, аз рӯҳониёни шинохта дар ҷануби Тоҷикистон, дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба “Озодӣ” гуфт, пайравони ислом танҳо ду иди мазҳабӣ - Рамазон ва Қурбонро доранд ва таҷлил аз идҳои дигар барои онҳо иҷоза нашудааст: “Таҷлили ин ид аз ислом субут надорад. Вале дар як рисолаи домулло Муҳаммадӣ хондам, ки дар он гуфта шудааст “ҷомеаи мо демократист ва қонунҳои мо мутобиқ ба дину Қуръон нест. Аз ин рӯ, ҳар касе аз сӯйи, масалан, ҳукумат водор бишавад, ки аз ҳамин ид таҷлил кунад, гунаҳкор намешавад”. Вале касе, ки маҷбур нест ва аз пеши худ ин ҷашнро қайд бигирад, ба хотири ин ки дар дин навоварӣ мекунад, гунаҳкор хоҳад буд”.
Иди Соли нави мелодӣ ё масеҳӣ, ки пас аз вуруди русҳо ба минтақа дар қарни гузашта ҷорӣ шуд, дар тӯли ҳафтод соли пойбарҷоии Шӯравӣ ба як ҷашни ҳамагонӣ табдил ёфт. То ҳоло дар шаби соли нав аксар сокинони Тоҷикистон дар хонаҳои худ арчаи солинавӣ оро медиҳанд, дастурхони пурнозу неъмат густурда ва хурсандӣ мекунанд. Дар бештари хонаводаҳо Бобои Барфӣ ва Барфакро ҳам интизор мешаванд, ки он дар кишварҳои хориҷӣ ба номи Санто Клаус маъруф асту ба сокинон ҳадяҳои солинавӣ медиҳад.
Аммо пас аз фурӯпошии Шӯравӣ гурӯҳҳои исломӣ пофишорӣ мекунанд, ки таҷлил аз маросимҳои ғайримусулмонӣ, аз ҷумла соли нави масеҳӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад. Мавлавӣ Сайидмаҳмуд, аз рӯҳониёни тоҷик, ки акнун амри маъруфҳояш дар маҳофили мазҳабӣ сершунаванда аст, башиддат аз таҷлили ин ид барои мусулмонҳо танқид мекунад: “Ҳақ таъоло дар Қуръон гуфтааст, ки “эй мӯъминон душманони худову расулро ба худ дӯст нагиред”. Яъне касе, ки бо онҳост, пас, аз мо нест. Ва бешубҳа, Худованд ҳидоят нахоҳад кард, афроди фосиқро, яъне нафарҳоеро, ки ҳам бо мо ҳастанду ҳам бо онҳо. Бузургон низ рӯйи ин масъала бисёр шарҳҳо гуфтаанд. Аз ҷумла, дар ин бора, ки зангирӣ аз қавми онҳо, агар покиза бошад, дуруст аст. Тиҷорат бо онҳо дуруст аст. Ҳамсоягӣ бо онҳо низ дуруст аст. Аммо дар масоили эътиқодӣ аз онҳо пайравӣ дуруст нест…”
Аммо то кунун Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки ҳаққи судури фатворо дорад, дар ин бора чизе нагуфтааст. Яъне, на таҷлил аз иди соли нави масеҳиро барои мусулмонҳои кишвар радд кардааст ва на иҷоза додааст. Вале гурӯҳе дигар аз рӯҳониёни тоҷик ҳастанд, ки таҷлили соли нав дар Тоҷикистонро на бештар аз як одат медонанд. Онҳо мегӯянд, ин ид дар Тоҷикистон хусусияти мазҳабии худро гум карда, бештар ба як анъана ва ё расм табдил шудааст.
Дар ин бора Домулло Байзоев, мудири мадрасаи исломӣ дар Хуҷанд чунин гуфт: “То ба куфр баровардани шахсоне, ки шабнишинӣ мекунанд, рамзан як дастархон мекушоянд, шодӣ мекунанд ва сӯҳбат меороянд, чандон саҳеҳ нест. Ва ин вайрон кардани мазҳабу ақида ба ҳисоб намеояд. Мардуме, ки аслан ҳамин гуна шабнишиниҳо мекунанд, дарвоқе, намедонанд, ки ки соли нав чӣ ҳасту таваллуди кӣ ҳасту ва барои чӣ шабнишинӣ мекунанд. Онҳо дар ин бора аслан тасаввуроте надоранд. Аз ин хотир, ба ин гуна масоил ин қадар сахтгир набояд буд. Ва ақидаю мазҳаби каси дигарро ҳам таҳқир кардан дуруст нест”.
Аксари сокинони кишвар ҳам, ки пайрави исломанд, мегӯянд аз ин ид на ба унвони ҷашни мазҳабӣ, балки бештар ба унвони ҷашни соли нав, ки бо хатми моҳи дувоздаҳуми тақвим пеш меояд, таҷлил ва шабнишинӣ мекунанд. Амруллои Низом аз коршиносони умури мазҳабӣ, ки дар ин бора андешаи худро дорад, мегӯяд, аз он нигарон аст, ки ин одат рӯзе ба ибодат табдил нашавад.
Бо ин ҳол, мухолифону ҷонибдорони ҷашни соли нави масеҳӣ дар Тоҷикистон, ки аксари кулли сокинонаш мусулмонанд, боқӣ мемонад. Агар як идда аз исломиҳо таҷлили ин идро мувофиқ ба шариати исломӣ надонанд, иддае дигар мувофиқанд, ки аз ин ид ба унвони як расм таҷлил шавад. Дар ҳоле ки ба бовари онҳо, дар замони Шӯравӣ таҷлили Соли нав, на ба маънои таҷлили милоди Масеҳ, балки ба маънои поёни соли корӣ ба мардум фаҳмонида шудааст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий