! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

22 декабря, 2009

Ҷамоати Таблиғ: Даъват ба сӯйи Худо ё ифротгароӣ?

Ахиран, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонон ва ҳоло узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, таъкид кард, ки қарори Додгоҳи Олӣ дар бораи террористиву экстримистӣ будани Ҷамоати Таблиғ бознигарӣ шавад. Аммо ин то куҷо аз сӯйи мақомоти расмӣ пазируфта хоҳад шуд, рӯшан нест. Вале сомонаи “Кимёи Саодат” дар чанд бахш талош кардааст, ки моҳияти Ҷамоати Таблиғро бишносонад. Агар онҳое, ки то кунун мехостанд дар бораи таблиғиҳо маълумоте дошта бошанд, ба ҷумлаҳои зер таваҷҷӯҳ кунанд.

Номи пурраи ин гурўҳ, Ҷамоати таблиғ ва даъват аст, ва дар авоили қарни бистум, тавассути шахсияти исломие ба номи Шайх Муҳаммад Илёс Кондеҳлавӣ дар Ҳинд таъсис ёфтааст. Асосҳое, ки ин ҷамоат худро ба он пойбанд сохтаанд, иборат аст аз:

- Калимаи таййиба (Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадур-расулуллоҳ);


- Намозро бо камоли хушўву хузўъ адо намудан;

- Илму дониш;

- Зикри Худо;

- Икроми мусалмонон (яъне гиромидошти эшон);

- Ихлос дар амал.

Гурўҳи номбурда, бо мадди назар қарор додани усули мазкур, ба даъвати мардум ба суўи дини ислом мепардозанд.

Равиши таблиғи ин гурўҳ:

- Ҳамвора гурўҳе аз онон аз молу дороии хеш чизе ба ҳамроҳ гирифта, ба кишварҳову шаҳрҳои мухталиф барои таблиғи дин мусофират мекунанд;

- Ҳар гоҳ ба шаҳре мерасанд, масҷидеро барои сукунат ихтиёр карда, теъдоде аз онон ба тару тамиз кардани масҷид мепардозанд, ва теъдоди дигар, ба кўчаву паскўчаҳои шаҳр ё деҳоте, ки қарор доранд баромада, аз мардум мехоҳанд, ки дар фалон соати муайян ба масҷид ҳузур ёбанд. Аҳёнан дар ба дари мардум гашта, аз яко-яки онҳо тақозо мекунанд, ки дар ҳоли ризоят, ба масҷид биёянд. Хеле пойбанд ҳастанд, ки дар ҳангоми дар кўчаҳо будан, танҳо ба зикри Худо машғул бошанд;

- Вақте ки мардум ба масҷид ҳузур меёбанд, яке аз таблиғкунандагон ба ваъзу насиҳати динӣ мепардозад. Сипас, ба ҳозирон пешниҳод мегардад, ки агар розӣ бошанд, ба ҳамроҳи ин ҷамоат, се рўз ё як ҳафта, ба маконҳои дигар барои таблиғ раҳсипор шаванд. (Касоне ки ин ҷамоатро ҳамроҳӣ кардаанд, мегўянд, ки он чанд рўзе ки мубаллиғонро ҳамроҳӣ кардаанд, барои эшон таъсироти мусбат гузошта будааст);

- Ин ҷамоат мўътақид ҳастанд, ки набояд бо мардум сахт бархўрд намуд, бояд тибқи дастури Паёмбар (с), ки фармудааст: “Мужда ва башорат деҳ, на ин ки дар онҳо нафрат эҷод кунӣ”, амал намуд. Мўътақиданд, ки агар мардум ислоҳ гарданд, дигар худ аз худ корҳои зишт ва гуноҳ анҷом нахоҳанд дод;

- Ин гурўҳ шадидан аз пардохтан ба умури сиёсӣ мепарҳезанд. Мўътақид ҳастанд, ки набояд ба умури сиёсии кишваре, ки дар он ба таблиғ мепардозанд, дахолат намуд. Мегўянд: сиёсати мо, ба сиёсат дахолат накардан аст;

Мазҳаби ин гурўҳ:

Ҷамоати таблиғ ва даъват, мардумро ба мазҳаби хоссе даъват намекунанд. Мўътақид ҳастанд, ки ҳар мусалмоне бояд пойбанд ба ҳамон мазҳабе бошад, ки дар кишвараш маъмул аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба ихтилофоти мазҳабӣ даст намезананд.

Имрўза, бештарин ҳаводорони ин гурўҳ аз мардуми Покистон ҳастанд, ҳарчанд ҳеҷ кишвари исломие аз вуҷуди эшон холӣ нест.

Ин гурўҳ, бар хилофи дигар аҳзоб ё ҷамоатҳои исломӣ, аз танзим ё сохтори хоссе бархўрдор нест. На раисе дораду на маръус. Оре, агар барои даъват ба ҷое мусофират кунанд, якеро ба унвони амир интихоб мекунанд, ва он ҳам фақат дар сафар.

Комментариев нет:

Отправить комментарий