Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, дар ҳоле ки раисҷумҳур тазмини шаффофияти интихоботро додааст, чунин пешбиние аз сӯйи аҳзоби сиёсӣ дуруст нест: “Президенти кишвар кафолати демократӣ гузаштани интихоботро додаанд. Ҳамчунин, супоришҳо ба Ҳизби халқӣ-демократӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ шуданд, ки дар хеҷ маврид аз ягон роҳи ғайриқонунӣ истифода нашавад ва фишор болои комиссияи интихоботӣ набошад. Фикр мекунам, ин сигнал ва ё таъкиди раисҷумҳурро ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дуруст қабул карда бошанд. Набояд нисбати интихоботҳои мо шубҳаҳоро миёни мардум барангезанд”.
“Ҳадя барои ифротгароён”
Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, рӯзи 20-уми декабр дар анҷумани ҳаштуми ин ҳизб дар Душанбе гуфт, адами эътимоди мардум ба интихобот низоми демократиро ба унвони ягона василаи қонунии ширкати сокинон дар ҳаёти кишвар таҳти суол мебарад: “Мо агар боварии мардумро ба интихоботҳо, ҳамчун ягона василаи қонунии ширкат дар ҳаёти кишвар аз даст диҳем, мутмаин бошед, ки бо дастони худ ҳадяи бузурге барои ифротгароён, ба онҳое кардаем, ки аслан демократияро механизми ягона ва қонунӣ барои расидан ба қудрат намеҳисобанд”.
Ба фарқ аз Сайфулло Сафаров, таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад, ба ин масъала аз дидгоҳи дигаре назар меандозад. Вай нигаронии оқои Кабириро дар сурати нақзи қонуни интихобот аз сӯйи мақомоти расмӣ, ки аксар вақт монеи вуруди намояндагони аҳзоби мухолиф ба порлумон мешаванд, беасос надонист: “Барои гурӯҳҳои ба истилоҳ ифротӣ беҳтарин баҳона ин аст, ки ҳуқуқи башар ва озодиҳову ихтиёроте, ки дар Қонуни асосӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба гунае нақз мешавад. Аз ин назар, барои маҳдуд кардани ҷойи по ва баҳона барои ҳаракатҳои тундравона дар Тоҷикистон заминаи фароҳам кардани интихоботи шаффоф ва демократӣ беҳтарин васила барои пешгирӣ аз чолишҳои пеши рӯ хоҳад буд”.
Ҳизби наҳзат дигар хомӯш намемонад?
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ба унвони ҳизби порлумонӣ шинохта шудааст ва дар баробари коммунистҳову халқӣ-демократҳо ду намоянда дар порлумон дорад, аз аҳзоби мухолифи ҳукумати Раҳмон ба шумор меояд. Ва барои нахустин бор телевизиони Тоҷикистон баргузории анҷумани ин ҳизби мухолифро дар барномаҳои хабарии худ нишон додааст. Дар ҳоле ки аҳзоби дигар мегӯянд, телевизони тоҷик анҷумани онҳоро аз тариқи телевизион намоиш надодааст.
Вале дар анҷумани ҳаштуми ин ҳизб дар Душанбе Муҳиддин Кабирӣ эътироф кард, ки онҳо дар тӯли тақрибан даҳ соли гузашта дар қиболи ҳамагуна мушкилоти ҷомеа хомӯширо ихтиёр кардаанд. Аммо, ӯ гуфт, аз ин ба баъд, онҳо дигар аз танқиди ҳукумат рӯ нахоҳанд гардонд: “Мо ҳам каме воқеъбинона бояд ба масъала нигоҳ кунем. Ҳизби наҳзати исломӣ ҳадди ақал даҳ соли ахир бо хомӯшӣ, бо кӯмак, бо сабр дар паҳлуи мақомоти давлатӣ буд. Ҳатто кор то ҷое расид, ки ҳизби моро хориҷиҳо танқид карданд, ки шумо чӣ гуна ҳизби оппозитсионӣ ҳастед, ки барқ нест, об нест, маош нест, ҳукуматро танқид намекунед”.
Ин ҳарфҳои Муҳиддин Кабирӣ замоне гуфта шуданд, ки Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси умури сиёсӣ, дар анҷумани наҳзатиҳо танқиди Кабирӣ аз мушкилоти ҷомеаро як навъ маъюсӣ маънидод кард. Дар ҷавоб оқои Кабирӣ гуфт, онҳо маъюс нестанд, аммо бояд ишораҳое ба ҳукумат дошта бошанд, то онҳоро замоне муттаҳам накунанд, ки ба унвони як ҳизби сиёсии мухолиф аз ин ҳама чашм пӯшидаанд.
Истифода аз фурсат
Дар ҳоле ки чашмпӯшии наҳзатиҳо дар панҷ соли гузашта хеле назаррас будааст. Натанҳо созмонҳои дохилӣ, ҳатто созмонҳои хориҷӣҳам замоне онҳоро барои “ба лаб кулӯх молидан”-ашон дар муқобили рӯйдодҳои ҷиддиву чолишҳои сиёсии кишвар, замоне ки бисёриҳо мавқеи қотеъи онҳоро интизор буданд, танқид кардаанд.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси умури сиёсӣ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ин таъкиди Кабирӣ бесабаб нест. Аз як тараф, ба гуфтаи ӯ, худи Кабирӣ таҳти фишор мондааст, ки хостаҳои тарафдоронашро бароварда сохта наметавонад ва аз сӯйи дигар аз ин фурсати интихоботӣ бояд истифода кард.
Ҳизби наҳзати исломӣ, танҳо ҳизби исломии сабтиномшуда дар Тоҷикистон аст, ки таърихи беш аз сисола дорад, вале нахустин бор расман моҳи декабри соли 1991 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабтином шудааст. Дар замони даргириҳои дохилии солҳои 1992 ва 1997 Ҳизби наҳзат, ки ҷузъи Иттиҳоди мухолифини пешин маҳсуб мешуд, фаъолияташ мамнӯъ эълом гардид. Аммо баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин, Ҳизби наҳзат дубора моҳи сентябри соли 1999 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Ҳоло теъдоди аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби исломӣ беш аз сию панҷ ҳазор ҳазор нафар рақам зада мешавад ва дар парлумон онҳо соҳиби ду курсӣ ҳастанд. Раёсти ҳизби наҳзат мегӯянд, ки бештари аъзо ва ҷонибдорони онҳо дар водии Рашт, вилояти Суғд, минтақаи Қӯрғонтеппа ва Душанбе ба сар мебаранд.
http://www.ozodi.org/
Комментариев нет:
Отправить комментарий