! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

26 декабря, 2009

Зиндонии “хрушёвӣ” чӣ гуна имоми масҷиди Хуҷанд шуд?

Падарам дар деҳа омӯзгор аст. Навиштанро дӯст медорад. Навиштаҳояш то ҳоло дар баъзе аз расонаҳои давлативу ғайридавлатӣ дар Хуҷанд чоп шудаанд. Ӯ зиёд мехост, ки навиштаҳояш дар ҳафтаномаҳои чопи Душанбе ҳам интишор шаванд. Ҳар замоне ки ба деҳа меравам, падарам, ин мавзӯъро дар миён мегузорад. Аммо то ҳоло натавонистаам ҳич як аз навиштаҳои ӯро дар ҳафтаномаҳо, бо вуҷуди он ки сардабирони аксари он аз ҷумлаи дӯстони мананд, чоп кунам. Ҳоло дар зер, бо истифода аз ин ки саҳфа дар ихтиёри худам аст, матлаберо аз падарам ба шумо пешкаш мекунам. Як навиштаҳои падарамро, ки рӯйи он касе қалам надавонидааст, бихонед.

Муҳаммадисо соли 1909 дар деҳаи Саро, ҷамоати Пунғази ноҳияи Ашт дар оилаи шахси миёнаҳол чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Муҳаммадалӣ инсони бофазл буда, бо роҳи тиҷорат хонаводаашро таъмин мекард. Модараш дар даҳсолаҳои садаи бистум аз занҳои босавод, донандаи илми қуръонӣ дар деҳа ба ҳисоб меомад.

Муҳаммадисо дастпарвари мадрасаи Мири Араби шаҳри Бухоро, хатмкардаи шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи олии исломии шаҳри Тошканд, имомхатиби масҷиди Шайх Маслиҳатдини Хуҷанд бо тӯҳмати ивғогарон дар солҳои 1961-62 маҳбуси зиндонҳои хрушёвӣ гардид. Ӯ ситори бузурге буд дар самои тираи зиндагии солҳои бистуми қарни гузашта, ки дар дарку маънифаҳмии Қуръон ва Илоҳиёт аз дигарон чанд сару гардан боло меистод.

Аз овони наврасӣ як нерӯи ноаёне ӯро дар пайроҳаи донишомӯзӣ ҳидоят намуда буд. Баробари вурудаш ба олами пурғановати дониш ҳамзамон аз таълими ибтидоии модару модари худ сар напечидааст. Дар он солҳо дар деҳаи Сарои ноҳияи Ашт на ҳама кас ҷуръат мекард, ки ба омӯзиши асосҳои дин машғул шавад. Вале Муҳаммадисои ташнаи илм бо як ҷуръати бебокона сидқан ба омӯзиши китобҳои мазҳабӣ дода шуда буд. Вай ба хубӣ медонист, ки Ислом ба асли худ айбе надорад ва чароғи ҳидоятест, ки роҳи ҳар мусулмонро рӯшан месозад, илқогари рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек аст.

Муҳаммадисо дар синни чаҳордаҳсолагӣ ояву сураҳои зиёди Қуръонро азбар кард ва ба адои фарзҳои мусулмонӣ - намоз ва рӯза аз сидқи дил машғул мешуд. Ӯ дарк намуд, ки барои омӯзиши комилтари забони арабӣ ва тафсири ояҳо донишашро такмил додан зарур аст. Аз ин рӯ, бо ҳидоят ва дуои неки волидон соли 1923 ба мадрасаи шаҳри Бешариқи Узбакистон меояд ва соли 1926 онро хатм мекунад.

Вақти гусели Муҳаммадисо падараш насиҳате кард, ки то охири умр он гуфтаҳо равшангари роҳи пасту баланди рӯзгораш буд: “Писарам, хуб хон. Ба гуфтаҳои китоби муқаддаси динӣ – Қуръон амал намо. Барои манофеъи шахсӣ шуда, фармудаҳои ин китобро сарфи назар макун. Иншооллоҳ, ба ҳадаф мерасӣ, дурри мақсуд ба даст меорӣ”.

То соли 1946, замони таҳсил дар мадраса ва илмомӯзӣ аз уламои шаҳри Хуқанд (дар қаламрави Узбакистон) Муҳаммадисоро ба як донишманди дин табдил дод, ҷаҳонбиниашро тавсеа бахшид. Вай ҳама гуфтаҳои худро дар мизони ақл бармекашид. Баъд аз хатми таҳсил вай худро мисли баъзеҳои дигар муллои хатмкарда эълон нанамуд ва фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун деҳқон дар колхози деҳа оғоз кард.

Деҳқонӣ ҳам яке аз амалҳои накӯи фарди мусулмон аст ва он ба Парвардигор хуш аст, - мегуфт ӯ. Ва ба умеди фардои меросбарон аз рӯи ин панди ниёкон ниҳол мешинонид.Муҳаммадисо дар фориғияш китобро аз даст намегузошт, аниси кунҷи танҳоияш «Бӯстон», «Гулистон»-и Саъдӣ, «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва авроқи куллиёти Ҳофизу Бедил буданд. Ӯ дар пешорӯяш ҷаҳони дигареро тавассути омӯзиши пайваста меёфт. Дар дилаш як оташаки ормон – таҳсил дар мадориси воломақом ва бонуфуз аланга мезад. Ва ниҳоят сатҳи баланди маърифатӣ имкон дод, ки мурғи ҳумо ба қавле ба китфонаш бинишинад, яъне аз миёни довталабони зиёд дар қатори панҷ нафари беҳтарин ба мадрасаи Мири Араб роҳхат гирад.

Аз вилояти Суғд ба ғайр аз ӯ Калонзода (баландмақоми Қозиёти кишвар дар садаи бистум) ҳам ба ин бахти бузург шарафёб шуд. Ҷонишини идораи Қозиёти ҷумҳурӣ Мулло Эгамбердӣ дар ин ҷода ба Муҳаммадисо кӯмаки беғаразона намудааст. Шарикдарс будан бо Калонзода барин ҷавони болаёқат ба ӯ дари маъниҳои сарбастаи илму донишро боз кард.

Муҳаммадисо солҳои 1953-58 барои такмили касб ба шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи исломии шаҳри Тошканд дохил шуда, онро бо муваффақият хатм намуд. Аз охири соли 1955 то соли 1958 сархатиби масҷиди ҷомеъи Шайх Маслиҳатдин дар Хуҷанд низ шуда кор кардааст. Чанд муддат имомхатиби Масҷиди ҷомеъи маркази ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон низ буд.

Вай дарк кард, ки таъзйиқ ба дин ва диндорон пинҳону ошкоро идома дошт. Як гуфтаи беандешона ё як гоми беҷо боис ба сиёҳии тақдири диндорон мегардид. Ӯро ҳам бо бӯҳтону иғвогариҳои чанд тан нотавонбинҳо, ки гӯиё ду ҷавони ноболиғро никоҳ кардааст, ба маҳкама кашиданд. Дар асл, ин тӯҳмат буд ва ӯ худро дар назди додгустарони давр ҳимоя карда натавонист. Зеро дар он замон гӯши арзшунаве набуд ва ба ҷойи салла каллаовардагон аз ҳич разилию пастӣ ҳам рӯй наметофтанд.

Муҳаммадисо пас аз адои “ҷазо” то охири умри худ дар колхоз кор кард ва дар ҳама ҳолат аркони исломро ба ҷой меовард, тарғибгари инсондӯстонаи каломи исломию ирфонӣ буд. Мулло Муҳаммадисо шахси бо маънавиёт, хоксор, кушодачеҳра ва ятимпарвар буд. Одамони дурӯя ва мунофиқро сарзаниш карда, ҳамагонро ба росткориву накӯӣ, инсондӯстӣ ва адолат даъват мекард.

Ӯ ҳанӯз дар солҳои шастуми асри бист бар рағми баъзе муллотарошҳо хӯрдани таъомро дар хонаи майит ҳаром маънидод менамуд. Дар Қуръон мавҷуд набудани маъракаҳои бегоҳии ҷумъа, бист, чил, сари солро низ борҳо ёдовар мешуд. Он солҳо бо талоши вай маъракаи нолозим ва ба дину оин хоснабудаи даврабандӣ, ки сарфу хароҷоти зиёдро ба дӯши соҳибҷанозаҳо бор мекард, аз миён бурд.

Дар як маросими мотам, ки як сол идома меёфт, сар задани чорвои калону майдаро исрофкорӣ медонист ва мегуфт, ки ин амали номатлуб ба Худованд ҳам хуш намеояд. Аммо бархе нотавонбинҳо ба рафтори ин муллои дипломдор ба назари шубҳа менигаристанд, ҳарчанд ӯ фармудаҳои Исломро талқин менамуд.

Мулло Муҳамадисо то охири умр ба дини мубини Ислом собиқ буданашро дар амал нишон дод. Муллогиро подоши рӯзгори худ қарор надод, ба моли мардум чашм ало накард, ба ҳар коруфтодае то қадри имкон дасти имдод дароз намуд, фарзандонашро дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву маърифатандӯзӣ тарбия кард. Соли 1991 боз як фарзи мусулмонӣ – сафари Ҳаҷро ҳам адо намуд.

Вай сапедадами субҳи Истиқлолро бо чашми сар дид ва дар сини ҳаштоду дусолагӣ аз дунё даргузашт. Мулло Муҳаммадисо тамоми умр дар як гӯшаи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон ташвиқгари дини ислом буд. Имрӯз ҳам хурду калон номи ӯро ба некӣ ба забон мегиранд.

Рустам Ато,
деҳаи Саро, ноҳияи Ашт

Комментариев нет:

Отправить комментарий