Як замон то доштам дил, дилситонат будаам,
Як замон то доштам ҷон, ҷонфишонат будаам.
То даме будем бо ҳам ҷон ба ҷону дил ба дил,
Ҳамканор андар ҷаҳони бекаронат будаам.
Аз дурангиҳои қисмат то биёбӣ ранги хеш,
Бо ҷаҳони пир пайванди ҷавонат будаам.
Дар миёни ин ҳама дилрезаву ҷонрезаҳо,
Як дилу ҷони тамоми ормонат будаам.
Дар замоне, ки дилат аз орзуҳо монда буд,
Дар фарози орзуҳо ошёнат будаам.
Ёд кун аз ман, ки боре дар раҳи дидори бахт,
Шӯри ишқу нақди вақту сӯзи ҷонат будаам.
Ёд кун аз ман, ки вақте дар гузаргоҳи насиб,
Як баҳори тоза бар қасди хазонат будаам.
Ёд кун аз ман, ки андар чор фасли умри ишқ
Ҳамзабон, ҳамошён, ҳамдостонат будаам.
(Лоиқ Шералӣ)