Хочи Акбар Турачонзода:
«Сабаби асосӣ аз музокирот ин бозгашт буд. Бозгашти муҳоҷирин бо сари баланду рӯи сурх, на ҳамчун мағлуб. На ҳамчун гунаҳкор. Чунки мо ягонтоямон худро гунаҳкори ин фоҷиаҳо намедонистем. Бале, дар маҷмӯъ гунаҳкор ҳастем, аммо фақат мо (мухолифин) гунаҳкор набудем. Зеро ин ҷанг бо айби мо шурӯъ шудагӣ набуд. Ин ҷанг дар хориҷ тарҳрезӣ шуд, ин ҷанг аз хориҷ кӯмак шуд. Ин ҷангро ҳамонҳое ташкил карданд, ки тонку БТР ва ҳавопаймову миллионҳо тир ва даҳҳо ҳазор автомату пулемёту грантомёт доданд. Бояд ин нуктаро шаҳрвандони Тоҷикистон фаромӯш накунанд. Ҳамагӣ шонздаҳ сол гузаштааст. Бисёриҳо зинда ҳастем. Фронти Халқӣ аз куҷо ҳамаи ин муҳиммоту лавозимотро ёфт? Аз куҷо ин тонку БТР-ҳои бешуморро пайдо кард? Ҳукумати Тоҷикистон ин қадар силоҳ надошт-ку! Ман шаш моҳ узви Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон будам. Ман медонистам, ки дар Тоҷикистон чи қадар захира ҳасту кишвар чи имконият дорад. Вазорати корҳои дохилии мо ҳамагӣ чор БТР дошту халос. Ҳаминро ҳам дутоаш вайрон буд. Тонк надошт. Инҳо аз куҷо пайдо шуд? Инро ҳамон кишварҳое доданд, ки ҷангро болои мо таҳмилу тарҳрезӣ карданд. Барои саркӯб кардани он қисмати мардум, ки худшиносии милливу худшиносии динияшон хеле баланд буд. Аз ин рӯ, Фронти Халқӣ зери парчами сурх меҷангид. Барои барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ меҷангид. Аслан онҳо зидди истиқлолияти Тоҷикистон буданд. Ҳайрон ҳастам, ки чаро имрӯз ҳамагӣ инро фаромӯш мекунанд. Филмҳои ҳуҷҷатии ҳамон давраро бубинанд, ҳама байрақи сурх доштанд. Мегуфтанд, ки мо СССР-ро барқарор мекунем. Бояд инро фаромӯш накард...»
Шумо дар ин бора чи назар доред?
Точикон хамчун бедортарин мардуми Осиёи Марказй дар охири солхои 80-уми садаи гузашта, тахдиде барои хамаи минтака буданд. Вакте онхо мехостанд, Русияро аз мулки худ берун ронанд, низоми амниятии хамаи минтака ва Русия аз хам мепошид. Агар Русия аз Точикистон мерафт, мачбур мешуд бо шитобзадагй марзашро дар Казокистон устувор кунад.
ОтветитьУдалитьТошканд аз он харос дошт, ки Точикистони пуркувват сабаби майли мардуми точики Узбакистон, аз чумла Самарканд ва Бухоро ба Точикистон мегашт, нерухои демократик ва исломии Узбакистон пайрави ин нерухои Точикистон мешуданд ва агар Узбакистони сохтаву сунъй фуру хам ки намепошид, мумкин аст, тахти таъсири точикон карор мегирифт.
Инхо тахдидхои чиддй буданд, ки хирсу рубохро ба хам дурага карданд ва аз каробати чинсии онхо иблиси чанги Точикистон зода шуд.
Албатта, сабабхои дохилй низ зиёд буданд, вале Турачонзода хакикатро мегуяд, ки ин чанги онхое буд, ки силоху мухимот ва тонку зирехпуш доданд. Шумо агар манфиате надошта бошед, хасеро хам ба касе намедихед, чи монад ба ин кадар амволи гаронбахо.
Ин хукумат бояд фаромуш накунад, ки чор-панч соли аввал дар хар вазораташ мушовирони узбак кор мекарданд ва ба Тошканд гузориш медоданд. Ин хукумат аз сари ночорй, барои дар кудрат мондан идеолужики миллиро кабул кард, вагарна бо шуъур ва хости худ харгиз ба ин рох намерафт. Холо ха маълум нест, то кучо самимист.