! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.
13 января, 2012
06 января, 2012
Салафия: Фитна ва ё эҳёи суннат? (Бо 656 шарҳи хонандагон)
(Ин матлабро панҷ соли
пеш навишта будам, ки дар саҳфаи ozodi.org
рӯи чоп омада буд. Матлабе буд, ки садҳо
шарҳи хонандагон дар пайи он нашр шуд)
Муллозамон, ҷавони
тақрибан 34 – солаи сарбараҳна, бо шурӯи
адои намоз дастҳои худро ба тарафи шона
ва сипас ҳарду дастро рӯи сина гузошта,
зери лаб сура мехонд.
"Ин хелашро дар ҷояш паррондан лозим" (Чингиз Айтматов)
(Идомаи "Пораабри сафеди Чингизхон". Тарҷумаи Низом Қосим)
Оре,
метавон гуфт, ки дар он рӯзҳои баҳманмоҳи
соли 1953 таърих ба Тансиқбоев лутф кард;
гӯиё таърихи кишвар барои ҳамин ҳам вуҷуд
дошт, ки мутеона ба манфиати ӯ хидмат
бикунад. ӯ, бештар бо фаросат, ин лутфи
таърихро, ки аҳамияти аввалиндараҷаи
хидматашро рӯз ба рӯз меафзуд ва бо
ҳамин эътиборашро назди худаш торафт
баландтар мекард, эҳсос менамуду
қабат-қабат гӯшт мегирифт ва болидарӯҳ
мешуд.
03 января, 2012
Чингиз Айтматов. "Пораабри сафеди Чингизхон"
(Тарҷумаи
Низом Қосим)
Чингиз Айтматов |
Қатораҳо
дар ин бару бум аз ғарб ба шарқ мерафтанду
аз шарқ ба ғарб… Дар
он шабҳои бӯронии баҳманмоҳ, ҳини убури
тумани сафеди парон, ки бодҳо аз ҳамвории
сарди Сарой бармехезонданд, қаторабонҳоро
ҷидду ҷаҳди зиёд лозим буд, то миёни
барфтӯдаҳои дашти бекарон нимистгоҳи
Бӯрониро ташхис бикунанд. Қатораҳои
нимишабии гирдбодолуд дар он тирагӣ,
чун дар хобҳои ноорому пуризтироб,
меомаданду мерафтанд…
Подписаться на:
Сообщения (Atom)