Бозор Собир дар навори СМТ |
Интизор доштам, ки телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳадди ақал дар ин рӯз дар бораи шеъри ӯ чизе мегӯянд, навореро пахш мекунанд.
Сад афсӯс. Аз санг садо мебаромаду аз раҳбарони ин телевизионҳо не. Ё онҳо аслан аз Бозору шеъраш хабаре надоштанд ва ё намедонистанд, ки ин шоири бузурги мо, ки дар ғайбашу дар ҳузураш аз он ифтихор дорем, зодрӯз дорад.
Вале телевизиони мустақили Симои мустақили Тоҷикистон, ки танҳо барои Душанбе ва атрофи он пахш мешаваду то ҳанӯз мушкили мавҷ дорад, Бозор Собирро фаромӯш накардааст.
Шом буд. Соаз ҳашт мегузашт. Шабакаҳои телевизони Тоҷикистонро мегардондам, ки бинам, телевизони Симои мустақили Тоҷикистон навореро дар бораи Бозор Собир нишон медод. Навор тақрибан солҳои 2004 ва 2005 забт шудааст.
Ин маҳфиле, ки Симои мустақили Тоҷикистон намоиш дод, дар шаҳри Душанбе ва он ҳам дар толори Иттиҳоди адибон доир шудааст. Дар ин маҳфил устод Мӯъмин Қаноат ба Бозор Собир ҷоизаи “Сухан”-и срозмони адабии Боргоҳи суханро тақдим кард.
Ин маҳфиле буд, ки бо пуштибонии Бӯрӣ Бачабеки Карим ва созмони Боргоҳи Сухан ташкил ёфта буд. Дар ин маҳфил шоирони зиёд, дӯстон ва ҳаводорону ҳамдеҳагони Бозор Собир иштирок мекарданд.
Агар хотираам фиреб надиҳад, дар ин маҳфил ман низ бо ҷамъе аз дӯстонам иштирок мекардем. Чунки ман аз хурдӣ ташнаи шеъри Бозор Собир будам ва ҳамеша ӯро меписандидам.
Дар ин навори Симои мустақили Тоҷикистон ман ҳам ашкрезии Бозор Собирро дидаму ҳам хандааш ва ҳам шеърхонияшро. Ҳамчунин, устод Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳро низ дидам, ки ба шӯхиву шеъргӯйиҳои Бозор Собир қоҳ-қоҳзанон механдиду дастонашро боло карда, каф мезад.
Дар ин навор бисёртар шоирону дӯстони Бозор Собир шеър мехонданд. Баъзе аз овозхонҳо низ баромада, ё шеъри Бозор ва ё ҳар таронаи худро мехонданд.
Беҳтарин шеърро дар ин маҳфил Қурбоналии Абдулло хонд. Ин тарона шеъри Бозор Собир буд: “Аз хоки ватан гӯри падар дар дили ман монд, Модар чу мазори лаби ҷар дар дили ман монд...” Ҳангоме, ки Қурбоналӣ ин таронаро мехонд, Бозор Собир ашк мерехт. Дигарон ҳам ашк мерехтанд.
Худи Бозор Собир ҳам дар ин маҳфил сухан гуфт. Вай дар оғози суханаш гуфт, ки дар вақти набудани ӯ дар Тоҷикистон ҳама шоир шудаанд. Ҳамчунин вай гуфт, ки тӯли чандин соли дар Маскав ва дар Амрико будану зистанаш касе аз дохили Тоҷикистон ӯро суроғ накард, напурсид. Вай ҳатто рӯйирост гуфт, ки ақаллан аз Иттиҳоди нависандагон аз ӯ хабаре нагирифтаанд.
Бозор Собир аз Раҳими Мусулмониён, аз Шодмони Юсуф, аз Бӯрӣ Карим ва тоҷикони бурунмарзӣ ёд кард, ки дар замони дар Амрико буданаш аз ӯ ҳолпурсӣ кардаанд, ба ӯ рӯзномаҳои тоҷикӣ фиристодаанд.
Бозор Собир дар ин навори видеоӣ низ аз даврони Шӯравӣ ва нозпарвард будани шоирон ёдоварӣ кард. Вай гуфт, ки дар давраи Шӯравӣ шоирон истироҳат мекарданд. Гоҳ ба Баҳри балтик мерафтанду гоҳе ба Хоҷаобигарм.
Вале ҳоло гуфт, Бозор Собир, ҳамаи шоирони тоҷик гадоянд. Вай як шоире, ки ба саҳна баромада шеър мехонд, ба қавли амрикоиҳо Happy from street ё дарвешони кӯчагӣ номид.
Инро гуфту баланд хандид... Хандааш ба худаш зебанда буд. Орзу мекунам, ки ҳамеша ханда бар лаб бимонӣ, устод!
Дар ҳамин ҷо аз телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон, ки бори дигар хотираҳоро зинда кард ва Бозор Собири воқеӣ ва бепардаро барои мо нишон дод, ташаккур мекунам ва худи устод Бозорро ба 72-солагияш табрик мекунам. Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ!
Комментариев нет:
Отправить комментарий