Зафари Мирзоён, донишманди тоҷик (Акс аз |
Гаҳе чунин менамояд, ки аз навиштани дарёфтҳо пиромуни поксозӣ ва бар асли хеш баргаштани забони форсии тоҷикӣ бояд даст кашид, зеро пайдост, ки ин забони ошуфтаву осебдида ҳаргиз дармон нахоҳад ёфт ва гуфтаҳои онҳое ки аз сари деги забонпазӣ дар каноранд чун нигоштаест бар рӯи пораи яхи зери офтоб гузошта.
Забоншиносони шӯравии яҳӯдиасл дар ҳамёрӣ бо маҳалгароёни тоҷик (бешак дар миёни онҳо пантуркистон низ ҷой гирифта буданд), дар роҳи харобсозии забони форсии Вароруд ва аз он барсохтани забони аз решаи форсӣ ҷудои тоҷикӣ, бар ҳадафи маккоронаашон расидаанд. Пайдост мехи фӯлодини бар синаи забони форсӣ кӯфтаи он нохалафон бад – он сон жарф фурӯ рафтааст, ки ҳатто бо иваз шудани оҳанги давлатдорӣ ва рахт барбастани бегонагон аз ин сарзамин низ онро занги замон коргар намегардад. Ошуфтагиҳои бар пайкари забони форсии Вароруд ҷой дода, чун домест ниҳонӣ, муаммоест сарбаста. Доми аз ресмони фирефториҳо бунёд кардаи ҷаҳонхорони англису урусу яҳӯдитаборони амрикоӣ бад – он сон моҳирона бофта шудааст, ки гирифторонаш онро либоси дӯхтаи худ мепиндоранд. Ҳамон гуна ки байни Ҳиндустону Покистон, Покистону Паштунистону Афғонистон муаммои зираконае барбастаанд, ки гиреҳашро худ наметавонанд бозкушоянд, миёни забонҳои форсии Ирон ва Афғонистону Тоҷикистон ҷодуву афсуне барангехтаанд, ки натавонистем дарбиравем; растан аз он, баста ба дастаи кист.
Пас аз истиқлолият чунин ба чашм мехӯрад, ки забоншиносон дар талоши корҳое мебошанд, гӯё барои нерӯманду илмӣ сохтани забони тоҷикӣ. Аммо оё метавон ин забони нотавон гаштаро илмӣ сохт, дар сурате ки созандагони он худ аз ҳалқаи ҷодӯи забонсозони советӣ раҳоӣ наёфтаанд ва ҳанӯз ҳам равиши бегонагонро посдорӣ мекунанд. Аммо талошҳои чанд донишӣ, ки ба истилоҳ дар ошпазхонаи забон ҷой доранд ва боварманду бовафои боззоии забони адабии тоҷикӣ мебошанд, бар дил шарори умед меангезанд ва худо кунад ислоҳотхоҳон костиҳои бешумори забонро зери резабини (микроскопи) пажӯҳандагӣ гирифта, ҳаводорони қолаби сохтаи забонсозони советиро ба бознигарии ақидаҳояшон водоранд.
Ҷустори иҷмолии донишманди пуркор, доктор Сайфиддин Назарзода, директори Институти (“Пажӯҳишгоҳ” беҳтар мебуд ) забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ки дар саҳифаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” интишор шудааст, ниҳоят ҷолиб буда, арзиши омӯзишу пайгириҳоеро дорад. Яке аз арзишҳои чашмгири ин мақола дар бознамоёндани ҷанбаҳои ошуфтаву харобсозии маргбори забони форсии тоҷикӣ, аз роҳи бозтоби матни фармону қарорҳои мақомоти давлатии шӯравӣ, ҷой дорад. Санаду мадракҳои дар ин мақола оварда шуда баёнгари равшани қасди ҳадафмандонаи забоншиносони сиёсатпешаи шӯравӣ мебошад. Бешак маҳалгароёни тоҷик забони аҳуроии ҳазорсолаи падаронро бар сатҳи гӯиши музофотӣ фурӯд оварда, хостанд бо нигаре танг шеваи гуфтори худро ҳамчун забони вижагони шаҳрнишини ҷомеаи тоҷикӣ, ҷойгузини забони адабии тоҷикӣ намоянд. Ҳамин аст, ки аз роҳи тадвини қонунҳои вижа ва дар муҳтавои онҳо сабти ҷумлаҳои густохонае, аз қабили “истеъмоли абароти сифати феълии “ангӣ” кати сохта шудагӣ ҳам дуруст ҳисоб карда шавад.”, ҷорӣ кардани шакли узбакии таркибҳои “Аҳмада китобаш”, “китоб хондагем не”, ҳазф кардани пасванди “ро” ва бар ивазаш аз шеваи гуфтор пазируфтани шакли “а” ,“я”, ба гунаи “моя ҳурмат кунед”, “то куҷоя рафтед” , пасванди “кати” (мисли “янггем кати” ) ва ворид намудани соири баргардонҳои узбакӣ, ҳамзамон архаистӣ эълом доштану аз коргирӣ маҳрум сохтани пешванди “би” (“бо” и зинат, ба гунаи “бирав”, “бигир”) ва як силсила арзишҳои дигари забони форсӣ, барои забоне, ки олаву афзори таълифи ҳазорон китобҳои оламгир буд, тавҳину таҳқире беш набуд. Ин талошҳои маҳалгароёни тоҷик ба хостҳои сиёсатбозони томгарои советӣ, барои аз забони классикӣ ва забонҳои форсии Ирону Афғонистон ҷудо кардану “советӣ” сохтани забони тоҷикӣ созгор буд.
Дар ин ҷо дубора мехоҳам ба таъкид ишора намоям, ки навиштори доктор С.Назарзода арзиши хеле баланд дошта, мебояд онро вакилони мардумӣ омӯзанд ва шояд барои расман лағву бекор кардани он қонуну қарорҳо ва аз забони меъёр қатъиян берун кардани “абарот”ҳои дар боло оварда, санадеро ба тадвин расонанд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз нигари мо бархе пешниҳодҳои донишманди гиромӣ, ки ба ҳамгунсозии имлои навин бо алифбои форсӣ пайвастагӣ дорад, шояндаи бознигарӣ мебошанд. (Воқеан, таркиби “алифбои арабиасоси тоҷикӣ” писанд нест, зеро ки нахуст тозиён ин алифборо аз мо баргирифтаанд, дуввум пас аз бозгашти ин хат ба Ирону Вароруд, ниёконамон онро бозсозӣ ва форсӣ намудаанд. Ва настаълиқ, шикаста, куфӣ ва хатҳои дигар моли мардуми форсизабон аст. ) Нахуст боиставу ҳатмӣ медонем забоншиносони имлосоз бо хати форсӣ ва сарфу наҳви классикӣ ошноии хуб дошта бошанд ва ба мавзӯи ҳамгун сохтани имло бо нозукиҳои забони форсии тоҷикӣ андаке жарфтар бингаранд ва набояд аз дида дур дошта бошанд, ки он нуктаҳои нозуки забонро, танҳо бо хати форсӣ метавон бозгӯ кард. Ва ҳамзамон забоншиносони имлосоз пойбанди равиши забонсозии шӯравӣ, аз ҷумла маҳалгароӣ набошанд.
Дуввум, мо нигоҳи доктор С. Назарзодаи гаронмояро, пиромуни ҳарфи “э”, ки он кас вайро торихӣ ва барои ифодаи калимаи Ирон, дар шакли Эрон мувофиқ донистаанд, пазируфта наметавонем. Нигари худро дар маврид чунин мехоҳем истидлол намоем, ки дар талаффузи вожаҳои “ирон”, “ишон” ва монанди онҳо дар қиёс бо ифодаи калимаҳои “эълон”, “эъмор”, “эъзом”, “эъдом” и аз забони арабӣ ва “экскурсия”, “экспедитсия”, “этика” и аз забонҳои аврупоӣ вом гирифта ва монанди онҳо, тафовути гӯшрасу чашмгире пай бурда мешавад. Тоҷикон (ба истиснои ҳавасбозони русгаро ва муқаллидон) ба ҳангоми ифодаи вожаҳое, чун “ирон”, овои “э” ро бо “й” – и нимсадо талаффуз мекунанд. Ба тахмин “эйрон”, на чун русҳо “эхо”, “эгоист” ва на арабҳо “эътибор”, “эъмор”. Боясти ишораи хос кард, ки дар дастуру фарҳангномаҳои гузаштагонамон, аз ҷумла “Бурҳони қотеъ”, “Ғиёс – ул – луғот” ин овоз ба тартиби “алиф + и”, ба монанди “ий” омада (аммо йотбарсари й ба шакли нимсадо талаффуз мешавад.), чунин ба шарҳ расидааст: ирон бар вазни пирон, ишон бар вазни хишон, инак бар вазни мирак, исор, ирод, иҷод ва монанди он.
Мехостам дар мавриди бандаки изофии “и”, (ё – и изофӣ), ки пайваста боиси барангехтани сактахониву носароишии забони форсии тоҷикӣ мегардад, ишораи гузарое дошта бошем. Дар ин фурсати маҳдуд маҷол надорем, то аз ҷойгоҳи гунагуни бандаки изофӣ (пас аз садонокҳову ҳамсадоҳо ва вожаҳои бо ҳарфи “и” тамом шуда) суҳбат дошта бошем. Танҳо ин нуктаро боясти таъкид дошт, ки яке аз иллатҳои ошуфтагиҳо дар шеърхонӣ ва ҳатто таронасароии тоҷикони мо, бандаки изофиро бо ҳарфи “и” навиштану зимнан чунин талаффуз кардан аст. Монанди “хонаи мо, корҳои дирӯз, сурхии гул, ҷои нахуст”. Аммо низоми овоии забон мехоҳад, ки бандаки изофӣ аз ду овоз (ё якуним овоз) таркиб ёфта бошад. Монанди “хонайи мо, корҳойи дирӯз, сурхийи гул, ҷойи нахуст.”
Дар бораи ошуфтагиҳои ҷой дошта дар шеърҳои бархе шоирони тоҷик, ҳамчунон саросар бо сакта шеърхонии сухангустарону ҳунармандони овозаманду унвондор ва соири носароишиҳои забонӣ, ки ноши аз бегонагӣ бо хати форсӣ мебошанд, соҳибназарон борҳо ишораҳо кардаанд. Аммо иддае аз сухансанҷон бар он нигаранд, ки ошуфтагиҳои дар қофияи бархе шеърҳои шоирони тоҷик ҷой дошта (аз ҷумла қофияи калимаҳо бо “ё” и форсӣ, яъне “и”, ки дар тоҷикӣ бо “е” (э) гуфта мешавад), вобаста ба аҳли сарзамини Ирон ва ё Вароруд будани шоири адабиёти классикӣ мебошад. Ин иддаоро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон таъйид кард, зеро дар осори чи Камоли Хуҷандӣ, чи Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон, ки варорудӣ буданд, чунин ошуфтагиҳо ба нигар намерасанд. Мо дар ин ҷо ду байт баргирифта аз ашъори Носири Хусравро меоварем, ки аз Қубодиёни худамон аст, вале вожаи “хуршед” ро “хуршид” дарёфта, онро бо “ноҳид” ҳамқофия сохтааст. Чун ки дар навишт бо хати форсӣ “хуршид” ва “ноҳид”, бо “ё” (и) навишта мешавад:
Дигар Баҳром дорад, в – он дигар Шид,
Дигар бошад биҳишт, обод Ноҳид.
Ва ё:
Ба чашми сар ҷамолаш диданӣ нист
Касе к - ӯ дид рӯяш, аҳли маънист.
Агар ба намунаҳои боло баҳонаеро, ки Носири Хусрав умрашро дар сафар гузаронда, бахше аз онро дар марзҳои беруни Вароруд сипарӣ кардааст, вале шоирони классики дигар монанди ӯ бо гӯиши форсии иронӣ насароидаанд, такзиб кунем, мо метавонем байтеро аз ашъори Зайниддин Маҳмуди Восифӣ пеши рӯ оварем, ки дар асри XVI зиндагӣ карда, ҳиротиву варорудӣ буд:
Ҳаст аз кони айш арконе, (и)
Ин биноро мабод вайронӣ.
Дар навишти форсӣ “ё” и накара (номаълум), чун “ё” и сифатӣ бо “и” навишта шуда, ҳамқофия мебошанд.
Забонгустарони имлосозро мебояд барои ифодаи аломати “ҳамза” ҳарфе ва ё аломате пайдо кунанд, зеро дар ифодаи ҳарфи “ъ” (айн) ва аломати “ҳамза” тафовутҳои хеле ҷиддӣ дар миён аст. Гарчи дар тоҷикӣ ҳарфи “ъ” (сакта, айн), чун арабҳо бо овози ҳалқӣ ифода намегардад, лек дар талаффузи “ҳамза” сактаи хеле нозуку пӯшидае ҷой дорад. Ин ки як тоҷик ба ҳангоми талаффузи калимаҳое, чун “масъала” сактае аз гулӯ берун меоварад, паёмади ғалати 80 солаест, ки забонсозони советӣ ба вай чунин талқин кардаанд. Аслан ин вожа дар хати форсӣ ба шакли “мас,ала” (ҷамъаш “масоил”) меояд.
Ғалати фоҳиши дигаре, ки забонгустарони солҳои 30 ба бор овардаанд ва сарсупурдагони мактаби забоншиносии советии тоҷик қатъиян онро намехоҳанд ба таҳрир дароваранд, вожаи “торих” ро дар шакли “таърих” бознамоёндан аст. Вожаи “торих” чи дар забони арабӣ ва чи дар забони форсии Ирон (ҳатто дар забони узбакӣ), на ҳарфи “айн”дорад, на аломати “ҳамза.” Бароямон маълум нест, ки аз чи бошад бисёре аз тоҷикони мо ба талаффузи ғалати чунин вожаҳо хӯ гирифта, ҳатто ба онҳо ҳассосияти вижа доранд. Ҳамон тавре ки аз фаросӯи пардаи телевизионӣ боре забоншиноси баландҷойгоҳ аз боззоии имрӯзини вожаҳои фаромӯшшудаи форсӣ норизоӣ баён карда, зимнан гуфта буд: “ман калимаи таърихро мисли баъзе забондонони навбаромад торих намегӯям. Мо 80 сол таърих гуфта омадем, гуфтан мегирем, торих намегӯем.....” Охир эй ҷаноб, гуфтан гиред, лек онҳое ки ба хати форсии тоҷикӣ ошноӣ доранд, чи гунаҳ кардаанд, ки низ ғалатнигории шуморо умре такрор кунанд.
Афзун бар ин нуктаҳо бояд ёдрас шуд, ки доктор Сайфиддин Назарзода худашон чунин гуфтаҳои устод Садриддин Айниро оварда, онро борикбинона дарёфтаанд, ки бешак чунин аст: «Дар ягон забони маданӣ ва аз ин ҷумла дар забони русӣ дар навиштан талаффуз асос гирифта нашуда бошад ҳам, дар забони тоҷикӣ талаффузро асос гирифта, масалан, ба ҷои калимаҳои «анбор, занбар, ҷунбидан» - «амбор, замбар, ҷумбидан» менависанд. Агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад, чунки талаффуз дар ҳар замон ва дар ҳар район дигаргуншаванда аст, ҳатто басо дида шудааст, ки талаффузи шахсҳои ҷудогона ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки то ҳол дар имлои забони тоҷикӣ анархия ҳукмфармост». (Айнӣ С. Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик//Китоби «Мунтахаби асарҳои илмӣ», Душанбе, 2008, ҷ.1, с.64-72).
Пас чаро дар навишти калимаҳои “торих”, “масала”, “Ирон”, “ишон” мо талаффузи бархе гӯишгаронро ба нигар гирифта, ғалатнигориро пеша мекунем?!
Пеш аз ба поён расидани матлаб, дар ин ҷо ёдкарди як дарёфти пешинаи худро ба ҷо медонам. Инҷониб ба ҳангоми навиштани силсиламақолаҳое, зери унвонҳои “Остонаи марги забони тоҷикӣ”, “Хатари марги забони тоҷикӣ”, ба ҷусторе пардохта будам ва ҳамчунон пеш аз он, дар соли 1972 ба дӯсти равоншодам, Одили Исломӣ дар навиштани китоби худчопи пинҳониаш (самоиздат), бо номи “Торихи забони тоҷикӣ дар солҳои 20 ум”, зери имзои мустаори Бердиқул Менгиёров, ёрӣ расонда, дар мавриди харобсозии огоҳонаи забони форсӣ, бо далелу санадҳои бешуморе ошно шуда будам. Аммо ин ки ошуфтасозони маҳалгаро, ба хотири аз шеваи гӯиши музофотии худ, ба забон ворид кардани калимаҳо ва ё аз забони ҳазорсолаи форсӣ фасху бекор кардани вожаҳо, бар он комёб шуда буданд, ки ҳукумат қонуну қарорҳои вижа тадвин кунад, маро дар шигифту ҳайрат гузошт. Ин далелҳои овардаи доктор Сайфиддин Назарзодаи гироми гӯётарин гувоҳи ба забони форсии тоҷикӣ огоҳона расондани осеби маргбор аст.
Афзун ба гуфтаҳои боло мебояд зикр кард, ки аз мушоҳидаҳо дарёфтаем, ки бародарони хуҷандии мо пештар аз дигарон ба ошуфтагиҳои забони адабӣ пай бурда, ба ислоҳи онҳо пардохтаанд. Сухангустариҳои шоирони фарҳехта, Фарзона ва Озарахш, забони шевои телевизиони Суғд, овезаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷканд ва Усурушан, рашки тоҷиксолории пойтахтиҳо буда, гувоҳи бомаърифатии мардуми ин шаҳрҳои торихӣ мебошанд.
Дар поён ин гуфтаи борҳо гуфтаро бозмегӯям, ки то ба хати миллии худ рӯ наоварем ва забонро аз барсохтаҳои маҳалгароён, провинсиализмҳо ва советизмҳо пок насозем, мо тоҷикон ҳаргиз бо забони адабии хеш гуфтору навиштори солим нахоҳем дошт. Ин худбузургбиниҳои бепояву бемояро боясти канор гузошта, аз пайи ислоҳи саросарии забони адабии форсии тоҷикӣ гашт.

Комментариев нет:
Отправить комментарий