! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

23 ноября, 2010

Раҳими Мусулмониён: "Ориёно, фурӯзон бош!"

Раҳими Мусулмониён,
донишманди тоҷик, ки дар
Ирон зиндагӣ мекунад
Доктор Ҳамдам Мӯъминҷонов гуфтааст – дуруст ҳам гуфтааст, ки Зардушт дар сарзамини Осиёи Марказӣ бунёгузори ойини ориёӣ будааст.

Дар бораи зодгоҳи ориёиён нуқтаназарҳои гуногун ба қалам омадааст, аз ҷумла: Нейберг: “Зардушт дар ибтидо дар канори рӯди Сайҳун (Сир) зиндагӣ мекардааст”.[1] Алтхайм, Хумбах, Бойс, Миллз, Лентс ва дигарон зодгоҳи Зардуштро дар бахши шимолу шарқии Эроншаҳри қадим – Бохтару Суғду Туркистони шарқӣ донистаанд (Мӯъминҷонов, с. 41-42).

Ба гуфтаи док. Мӯъминҷонов, Зардушт дар Тӯрон ба дунё омадааст ва аз намояндагони қабилаи туйирия мебошад (Мӯъминҷонов, с. 43).

Артур Кристенсен гуфта: “Аз банди 13 Бундаҳишн бармеояд, метавон ин сарзаминро дар ақсои Шимол, дар сари роҳи Туркистон ба сӯи Чин донист, яъне ҳамон тарафе, ки Кангдегиро бояд ҷустуҷӯ кард” (Мӯъминҷонов, с. 106).

Хостгоҳи дини Зардушт Тӯронзамин будааст. “Готҳо, Ҳаптанҳойитӣ, Яштҳои куҳан ва бахшҳои дигари Авесто хислату табиати тӯронӣ дошта, муҳит, анъана ва расму ойинҳои мардуми Тӯронро ифода мекарданд. Тӯрон, ки бахши марказии Айиряна Ваеҷаҳро ташкил медод, хостгоҳ, инъикоскунандаи замони туфулияти ориёиҳо, замони покиву порсоӣ, самимияту дӯстӣ, ростиву дурустӣ, замони мусобиқаҳои аспдавонӣ, чавгонбозӣ, матонату далериҳо ва достонҳои паҳлавонии қабилаҳои тӯронӣ ва эронӣ буд” (Мӯъминҷонов, с. 128).

Боз:

“Хостгоҳи дин Тӯрон аст. Чун Тӯрон бахши муҳимтарини Айиряна Ваеҷаҳ аст, подшоҳони сулолаи пешдодӣ ва аксари Каёнӣ дар ин сарзамин ҳукумат кардаанд. Ба иборати дигар, ватани натанҳо Афросиёб, балки тамоми подшоҳони сулолаҳои боло Тӯрон аст” (Мӯъминҷонов, с. 132).

Намунае дигар:

“Аксари шаҳру мавзеъҳои муқаддаси дини Маздоӣ, ки ба давраи Зардушт, то замони ӯ мутааллиқ аст, - мисли Рангҳа, Гупат, Чаечест, Канҳа, Хшатрасука ва ғайра, дар қаламрави хоки Тӯрон аст” (Мӯъминҷонов, с. 132).

Бо як сухан, Аҳурамаздо – бунёнгузори дини зардуштӣ будааст; ин динро нахустин бор дар Тӯронзамин вай бино ниҳодааст.

Бахши шимоли шарқии Осиёи Марказиро ҳам дар рӯзгори бостон Эронвич мегуфтаанд. Зодгоҳи паёмбари ориёиро дар Шарқ ва шимоли шарқ Эроншаҳри бостон гуфтаанд.

Аҳурамаздо мегӯяд: Нахустин сарзамин ва кишвари неке, ки ман – Аҳурамаздо офаридам, Айиряна Ваеҷаҳ буд, бар каронаи руди Доитияи нек.

Бадин тартиб, ба дунбол номи сарзаминҳои Сугда (Суғд), Мауруи (Марв), Бохази (Балх), Ҳарайва (Ҳирот), Рага (Рай), Нисойа (Нисо), Ҳаетуманд (Ҳилманд) меоянд, ки ҳама дар марзи Осиёи Марказӣ воқеъ мебошанд.

Ба ин воқеият, ки зодгоҳи дини ориёӣ Осиёи Марказӣ будааст, бузургони дигар ҳам ишора кардаанд. Ба гуфтаи устод Садриддин Айнӣ “Тошканд – синаи Тӯронзамин аст”.

Меҳрдоди Баҳор – авестошиноси бузурги эронӣ, мегӯяд: “Осиёи Миёна, аз дер замоне гаҳвораи тамаддуни бузург будааст [...]. Ин тамаддун на танҳо бо Эрону Байнаннаҳрайн марбут будааст, балки бо Дараи Синд ва тамаддуни Ҳараппа низ иртибот доштааст. Дар ин тамаддун, монанди тамаддуни наҷди Эрон ва Байнаннаҳрайн, ойинҳое муттако ба модарсолорӣ васеан дида мешавад; ва ҳамин ойинҳост, ки дар ҳамин Осиёи Миёна мегустурад, ва дар ҳазораи дувуму аввали пеш аз Масеҳ – Суғд, Балх ва Хоразмро фаро мегирад”.[2]

Донишмандоне, масалан Шедер, бар ин бовар аст, ки Зардушт ҳеҷ гоҳе ба сарзамини кунунии Эрон пой наниҳодааст.[3]

Мисоле дигар:

Зардушт – паёмбари дини Маздаясно – тӯронӣ буда, дар Тӯрон ба дунё омадааст (Мӯъминҷонов, с. 43).

Боз:

Бо вуҷуди ин, ки “дини Зардушт дар давраи подшоҳи Каёнӣ – Гуштосп падид омадааст, дар давраи зимомдории сулолаҳои Ҳахоманишӣ, Ашконӣ, ва бахусус Сосонӣ, инкишофу пешрафтҳои азим кардааст, дар ин ҷо кӯшиш ба амал меояд, исбот карда шавад, ки пайғамбари дини аввали яктопарастӣ дар Эрон таваллуд шуда, дар ин ҷо зиндагӣ кардааст, ва осори гаронбаҳои худро дар ин ҷо падид овардааст” (Мӯъминҷонов, с. 43).

Бори дигар бояд ёдовар шуд, ки Вайа, Вайу, Андарвой – фариштаи муваккали Ҳаво – аз деринатарин худовандони “тӯрониён ва соҳили дарёи Сир аст. Шаҳри Боткен, ки имрӯз дар 50-километрии шаҳри Исфара, дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад, ёде аз Вайу ва эътиқоду боварҳои бостонии тӯрониён аст. Эътиқодот ба деву парӣ низ аз хусусиятҳои бостонии ин сарзамини куҳан ва сокинони даштҳои беканори он будааст” (Мӯъминҷонов, с. 110).

Уши ва Уша – вожаҳои авастоӣ буда, бозмондааш дар забони муосири тоҷикӣ, дар сурати Ӯш мондааст. Вожаи аввал аз Аша – ростӣ, дурустӣ, покӣ, низ: ҳуш, зиракӣ, доноӣ мебошад; калимаи дувум – субҳгоҳон, бомдод, пеш аз баромадани офтоб – яъне ҳангомест, ки рӯшноӣ бар торикӣ чира мегардад (Мӯъминҷонов, с. 72-73).

Тӯрон, аз ҳамон оғоз, ҷузве аз Хванирас – доманакӯҳҳои Тиёншон ва Помир будааст, сипас то доманакӯҳҳои Орол ва Осиёи Марказӣ густариш пайдо мекунад. Бинобар далеле, ки ин сарзамин фараҳбахш буд, аҷнабиён мехостанд истило кунанд. Ва аммо “бозмондагони Тоз (ё Тоҷ) – фарзанди Фаравокин, фарзанди Машӣ, фарзанди Каюмарс, ки тоҷикони кунунӣ ҳастанд, дар тӯли ҳазорсолаҳо намунаҳои беҳтарин шуҷоату диловарӣ нишон дода, ватани обоӣ, хонавода ва суннату анъанаҳои пурифтихори гузаштаи худро ҳифз намуданд” (Мӯъминҷонов, с. 292).

Док. Ҳамдам Мӯъминҷонов ин нуктаи муҳимро батакрор гуфтааст:

“Нисбати ин ки дар бораи Ватани аслии ориёиҳо – Айирйана Ваеҷаҳ (Ориёваҷ), ки Тӯрон бахши асосӣ ва муҳими онро ташкил медод, фикру мулоҳизаҳо ниҳоят зиёд ва рангоранг аст, мо онро бо далелҳои боло ва шавоҳиде, ки дар поён зикр хоҳад шуд, дар доманаҳои шимолии кӯҳҳои Тиёншон ва Помир, то кӯли Орол ва дар ҷануб водиҳои Фарғона ва Зарафшон қаламдод кардаем. Ин минтақаи васеъ бахши шимолии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, тамоми сарзамини Қирғизистон, ва қисми зиёди Қазоқистонро дарбар мегирад” (Мӯъминҷонов, с. 66). Ҷолиб ин аст, ки аз ин минтақа бозёфтҳои бостонӣ низ падид омадаанд.

Аммо ойини ориёӣ дар Урупо ҳам густариш доштаст. Устод Фаридуни Ҷунайдӣ мегӯяд: “Ориёиён баъдан донистанд, ки каломашон ориёӣ аст ва пажӯҳиш дар аслу маншаъи хешро шурӯъ карданд”.[4]

Мӯъҷизаи Зардушт бар ин буда, ки ба дунё бо ханда меояд, дар ҳоле ки кӯдакон ҳамеша гирён меоянд. Зардушт, пас аз таваллуд ҳам, мӯъҷизаву каромот нишон додааст.

Ба гуфтае, “Соли баъсати Зардушт ба соли 591 пеш аз мелод рост меояд” (Мӯъминҷонов, с. 57).

Бинобар гуфтаи Кейпер ва Ҳиппол, даврони зиндагии Зардушт пештар аз соли 1000 пеш аз мелод будааст (Мӯъминҷонов, с. 60).

Пури Довуд ба натиҷае расида, ки замони зиндагии Вахшури Ориёӣ ба асри XI пеш аз мелод рост меояд (Мӯъминҷонов, с. 61).

Ктесий ақида дорад, ки Зардушт дар нимаи дувуми асри XIII зистааст (Мӯъминҷонов, с. 58).

Ойини зардуштӣ, ба эҳтимоли қавӣ, дар доманаҳои Помиру Олойу Тиёншон падид омада, шояд ҳам дар кӯтоҳмуддат густариш пайдо кардааст. Пурсише пеш меояд: чаро ин дин дар кӯтоҳмуддат густариш пайдо кард?

Ба эҳтимоли қавӣ, сабаби аслӣ ин буда, ки рафтору кирдору гуфтаҳои Зардушт – ҳама некӯ будааст. Бесабаб нест, ки шиораш созанда мебошад:рафтори нек, кирдори нек, гуфтори нек.

Сабаби дар кӯтоҳмуддат паҳн шудани ин дин, бегумон, дар ҳамин аст:тарғибу ташвиқи рӯшноӣ.

Ба гуфтаи док. Ҳамдам Мӯъминҷонов, “Таърихи куҳани ойини Зардушт аз Осиёи Марказӣ ва Осиёи Миёна – ба Порс, ба Мод, ба атрофи кӯли Урумия, ба минтақаҳои шимоли ғарбии Эрони муосир – яъне Отурпоткони даврони Сосонӣ ва Озарбойҷони кунунӣ, ба ҷониби кӯли Ҳомуа – воқеъ дар бахши ҷанубии Афғонистони муосир ва маҳалҳои дигар интиқол дода шуд. Дарёи муқаддаси Ванкун Даитийа ба дарёи Аракс ва уқёнуси Вууракаша ба кӯли Урумия ва Ҳомун тағйири ном кард. Кӯҳи муқаддаси Хара Березайти, яъне кӯҳе, ки аз он хуршед падид меояд, ба силсилакӯҳҳои ҷануби Баҳри Хазар ва Албурз тағйири мавқеъ дод” (с. 131).

Дарвоқеъ, ҳаракат аз Осиёи Марказӣ ба ҷануб ва атроф, борҳо сурат гирифтааст (с. 27). Дар ҷануби Эрон дини зардуштӣ дар шакли нисбатан пок зуҳур мекунад. “Аввалин осори мазҳабии бозмондаи он давра пластинаи тиллоиест, ки аз писари Чишпиш (675-640) – Ариарамна, боқӣ монда, дар музеи миллии Теҳрон нигоҳдорӣ мешавад. Дар рӯи он чунин навишта шудааст: “Ин худои бузург Аҳурамаздост, ки ин кишвару салтанатро ба ман ато кардааст” (с. 62).

Ба гуфтаи академик Бобоҷон Ғафуров, аксари донишмандони ховаршинос бар ин боваранд, ки замони муҳоҷирати қабилаҳои ҳиндуориёӣ ба ҷануб, дар ҳудуди солҳои 2000-1500 пеш аз мелод, сурат гирифтааст.[5]

Бояд афзуд, ки ин дини пок берунтар ҳам паҳн шуд, кишварҳои бисёреро фаро гирифт ва дар бархе кишварҳо ҳанӯз ҳам зинда мебошад.

Умед аст, ки ҳамеша зиндаву пойдор хоҳад монд.

Нуктаи ҷолиберо дар мавриди забон Артур Кристенсен гуфтааст: “Такаллум ба забоне, ки тақрибан ба забони Зардушт наздик бошад, хоси мардуми Машриқ буд; ва дар ҳамон қисмат аст, ки қудрати инқилобии дини Зардушт бештар зинда боқӣ монда буд. Адабиёти Яштҳо ҳам дар ҳамин қисмат падид омадааст”.[6]

Дар мавриди забон, Оранский И.М. низ нуктаи ҷолиберо гуфтааст: “Ба хотири танзиму таҳкими маъбади зардуштӣ, бартараф кардани гурӯҳу ҷараёнҳои мазҳабӣ ва ба дин ворид кардани тамоюлҳои дигар, кори бузурги таъдилу таҳрири матнҳои Авесто оғоз гардид. Бояд ин тағйирот тавре сурат мегирифт, ки ҷавбогӯи манфиатҳои рӯҳониёни баландмартабаи зардуштӣ ва табақаи ҳокимаи мамлакат бошад. Тахмин кардан мумкин аст, ки дар ҷараёни анҷоми ин корҳо мӯъбадони зардуштӣ – муҳаррирони матни аслии Авасто, ҳар чизе ки хилофи қонунҳои мазҳабӣ мешумурданд, бартараф карда, ба он бахшҳои наве илова намуданд, ва ба андозае онро дигаргун карданд, ки ҷавобгӯи эътиқодоти мазҳабӣ бошад”.[7]

Ва дар поён: “Тоҷикон, бо вуҷуди он ки дар тайи ҳазораи охир соҳиби давлати худ набуданд, чун ворисони фарҳанги нотакрор ва ҳоҷизони буну дудмони ориёӣ, дурахш мекард; ва аз дурахши хиракунандаи худ роҳи зиндагии халқҳои атроф, бахусус мардуми тозавориди Осиёи Марказиро равшан менамуданд” (Мӯъминҷонов, с. 292-293).

Ориёно поянда бод!

Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ,

Теҳрон, 1384-85

Комментариев нет:

Отправить комментарий