! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

10 октября, 2011

Сонӣ: Шаҳри қасрободу дилобод не!

...Рӯзи шанбе дар Душанбе ид шуд,
Меҳмони анҷуман навмед шуд.
Қолаби маҷлисбозон даршикаст,
Аз ҳавои олами шахшул раст.
Монд ҳарфу шарҳи ҷамъи хастаро,
То, ки бикшояд гиреҳи бастаро.
Рафт берун , то ба сарпаҳно расад,
Вораҳад аз тангӣ, бар дунё расад.

Меҳмон чанде пиёда роҳ рафт,
Ҳоли мардум дида бо сад оҳ рафт.

Дид сарҳуй уммии бадхолро,
Сустимон, сахтҷонаҳволро.
Бингариста мушкили афродро,
Дид ободону ноободро
Буд дар дунёнамо маддоҳ чанд,
Чоплус, безардаи гумроҳ чанд
Шаҳри қасрободу руҳобод не,
Дар шиор озодаву озод не.
Ҳам ҷаҳонбини-ш аз чӯпон ба(д)тар,
Дар шунидан аз сиёсат гӯш кар.
Зодагони шаҳри дар бозорҳо,
Мекашанд аз қимати озорҳо.
Беш саргардон занон дар "Корвон",
Корвони умрашон, аммо равон .
Наврасон хам дар суроғи зиндагӣ,
Мекунанд афтодахуйи-бардагӣ.
Бар мусофиркаш низоми нақл нест,
Ҷони мардум лек аз он дар халқ нест.,
Бой одат карда бо сабки хароб,
Баҳри номи ҳоҷигӣ дорад шитоб.
Бо тиҷорат баски ҳаҷ табдил шуд,
Ҳаҷбарак* ҳам аз паи ҳосил шуд.
Авҷ дорад аҷриқи фаҳшу фасод,
Анҷуман кай гӯяд аз ин ҳол дод?
Сонӣ, пас бо анҷуманбозӣ ситез,
Барнигар бар худ, мабош амсоли без.*


-------------------------------------------------------------------------
*Ҳаҷбарак -- роҳбалад;
*Без -- ғадуди сахттгаштаи бадан.


Сонӣ

Комментариев нет:

Отправить комментарий