Навиштаи Фаромарзи Абдувалӣ |
Ин бачахо бо як оромии боадабонае ба тарзи кироати ин зани солхурда гуш медоданду сипас онро бо як овоз такрор мекарданд. Харгох харакати ночоеро аз ин бачахо мулохиза мекард, сар аз чархреси бармедошту калтаки дарозеро, ки дар бараш меистод, ба даст мегирифту бо он тахдид мекард.
Ногох садои зане аз паси дарвозаи куча садо дод:
-Мехрубону, хой Мехрубону!
Кампир писари худро, ки дар байни он бачахо мешгули дарсхони буд, амр кард:
-Мухаммадисо! Хез бачам, ба фикрам боз Шералии чураатро модараш овардааст, то аз муддате набудани у узрхохи кунад. Майлаш биёяд, ба дарс кабул мекунем.
Дар хакикат кампире ворид шуду писари худро дар назди Мехрубону гузошт ва баъд аз узрхохи баромада рафт.
-Мехрубону отун ба Шерали, ки бачаи чолоке буду коматаш аз дигар бачахо пасттар буд, хитоб намуда гуфт:
-Боз дер карди? Чаро дарси гузашта наомади? Ин Парпи ва Дадочонро бин, агарчи хонаи онхо дар махаллаи боло аст, аз дарсхо дер намемонанд. Хамсояхои ту бародарон Мирахмад ва Минимат низ фаъоланд.
Кампири отун табассуми фахромези Миниматро дида каме ошуфту гуфт: Болои саратба одамхо... Омаданат чи фоида? Чор дарси тачвидро то хол намефахми? Сипас ба писараш хитоб намуда фармуд:
-Мухаммадисо! Бачахо сурахои дарси гузаштаро хонанд, назорат кун.
Инро гуфту ба богча фуромада ба каланд кардани картошка шуруъ кард. Ин нихоли картошкаро нахустин бор дар деха шавхараш Мадали аз Куканд оварда буд. Гуфта буд, ки ин аз Русия омадааст... Кампир хеле исрор карда буд, ки хамин растании уруси кофирро гум кун, лекин Мадали якрави карду онро кишт... Кампир норозиёна гур-гур кунон онро каланд мекард. Нохост чашмаш болои он растани афтод, ки мисли гураи зардолу самар андохтааст. Кампир ба ин гумон, ки он меваи картошка аст, онро канду як ба атроф нигарист, дид, ки касе уро намебинад, охиста онро ба дахон партофт. Аз таъми турши он чехрааш дигаргун шуду онро аз дахон андохта ба дашном шуруъ кард: Лаънат ба уруси кофиру ба ин картушкаи турушаш...
Шавхараш Мадали, ки болои токи ангур ба баргбури машгул буд, кариб буд, ки аз ханда ба замин афтад:
-Хой отуни бесавод! Ту чиро хурди? Самараи картошка дар зери замин мешавад...
Бачахо, ки ин хангом дарсхояшонро ба писари кампири отун супорида, охиста аз дар берун мешуданд, аз хандаи кох-кохи Мадали ба хайрат афтода ба акиб бозгаштанд ва аз ходиса бохабару бехабар ба шавхари кампир хамрох шуда хандиданд.
Мухаммадисо аз ин вазъи модар ба газаб омад, лекин хайбати падараш уро водор кард, ки хомуширо ихтиёр кунад.
...Аз ин ходиса якчанд сол гузашт. Лекин кампири Мехрубону дигар картошкаро тановул накард. Харчанд хамсараш мефахмонд, ки он хушмазза аст, лекин то охири умр якрави намуд ва онро ба дахон нагирифт.
Комментариев нет:
Отправить комментарий