! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

14 сентября, 2010

Баёнияи матбуотии Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода

Ҳафтаҳои охир баъзе аз ҳафтаномаҳо ва шахсони барои ҷомеаи рузноманигори ноошно, бо истифода аз минбар ва почтаҳои электронӣ мақолаҳоеро перомуни шахсият ва фаъолияти банда пешниҳоди хонанда карда истодаанд, ки маро бетараф гузошта наметавонад.

Дар ин тӯҳматномаҳо эшон бо истифода аз рамзу киноя ва суханбозиҳо мехоҳанд, маро чун як шахси маккору манфиатхоҳ ва дину мазҳабфурӯш муаррифӣ кунанд. Албатта барои ман аслан ин усули муборизаи онҳо ноошно нест. ҳанӯз аз охири солҳои 1992 то ба 1998 аз ин сабк кор гирифта мешуд ва дар ин тӯҳматномаҳо маро ба ҳайси қотил, душмани миллату кишвар, сулҳу субот муаррифӣ мекарданд.

Вале хушбахтона, тӯҳмати маҳз будани он сад дар сад собит шуду садҳо ҳазор мардуми огоҳ соли 1998 бо эҳтирому ихлоси хос бозгашти маро истиқбол гирифтанд. То соли 2008 дар ин «ҷабҳа» оромӣ буд, вале баъди мусоҳибаву мақолаи банда зери унвони «Афсонаҳои алюминий» «пушка»- ҳои ин «ҷабҳа» дастури «оташкушоӣ» алайҳи бандаро гирифтанд. Кор то ҷое расид, ки маро ҳатто корманди КГБ-и Русия муаррифӣ намуданд.

Хушбахтона, мардуми мусулмони кишвар ба ин тӯҳматномаҳо низ бовар накарда, баръакс, эҳтироми худро бештар карданду камтар не. Гарчанд дар бист соли охир ман ҳамчун шахсияти расмии динӣ фаъолият надоштам, аммо бародарони ва хоҳарони мусулмони мо бо ҳазорон суолҳо дар мавзӯъҳои динӣ ба ман муроҷиат мекарданду мекунанд. Ва ин боварию эътиқоду муроҷиати онҳо боиси рашку ҳасуди нотавонбинону сияҳдилон мешавад.

Дар тӯҳматномаҳои охир барои ман ва хонандаҳое, ки ҳамеша онро хондаанд чизи наве нест, ҷуз он ки ин маротиб дар қатори дигар айбномаҳо маро «доро»-ву «манбаи даромадаш номаълум» номидаанд. Ба иттилои қаламбадастони иҷрогару муздур мерасонем, ки ҳарсола ҳисоботи (декларация) андозро ман ба идораи андоз месупорам. Даромади солонаи ман он ҷой зикр шудааст ва тамоми намуди андоз аз даромад то имрӯз пурра пардохт шудааст. Дар ҳоле муаллифи бенасаб (яъне бепадар) чандин «заводу фабрикаҳо»- и маро пайдо кардааст, аммо дар асл ман фақат як заводи пахта дорам (соли 1999 тариқи музоядаи байналмиллалӣ харидаам), ки бадбахтона, дар натиҷаи бӯҳрони молиявии 2008-2009 қарздор шудааст ва то ҳол ин қарзро пардохт накардаем.

Ин муаллифи бепадар Муҳаммадсалим менависанд: «Тӯраҷонзода як шахси оддӣ ва омӣ нест. ӯ ақл, хирад ва виҷдони сиёсатест, ки дар ниқоби дин бо шиорҳои гуногун ва сӯиистифода аз ислом мехоҳад ҳукумат дошта бошад…»

Муҳаммадсалими бепадар!

Агар ин иғвономаи Шумо пеш аз интихоботи парлумонӣ мебуд, фаҳмидан мумкин буд, ки хоҷагони Шумо чӣ мехоҳанд ва Шумо чаро чунин иғворо ба роҳ андохтаед. Аммо бубинед, ки интихоботи парлумонӣ гузашту ман номзадиамро нагузоштам ва ҳатто шахси боэътимоди касе ҳам набудам. То интихоботи президентӣ бошад, ҳанӯз чор соли дигар аст. Пас, ҳадафи Шумо аз ин «ҳукуматдор кардани Тӯраҷонзода» чист?

Ба иттиллои Шумо, хоҷагони Шумо, сармоягузорони Шумо, ҳукуматдорони кишвар- аз боло то поён, ба тамоми мақомоти дахлдор ва ҳамчунин ба шаҳрвандони азизи кишвар мерасонам, ки ман ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва бародарони ман на даъвои Президент шудан дорему на даъвои вакили парлумону вазиру ҳокиму раису сафир шудан. ҳамаи ин мансабҳо ба Шумо ва хоҷагону сармоягузорони Шумо насиб кунад, муҳим ба мардум хидмат кунеду бо тарси аз даст рафтани мансаб кишварро ноором нагардонед. Мо зидди нооромии кишвар будем, ҳастем ва хоҳем буд.

Аз ин рӯ, аз мардуми азизи кишвар хоҳиш мекунам то ба ин гуна тӯҳмату дурӯғпароканиҳо, овозаҳо, мақолаҳои фармоишӣ бовар накунед!

Ман бошам ба додгоҳҳои дохилу хориҷ барои муайян кардани ин гурӯҳи воқеан сияҳкор, муаллифони бепадар муроҷиат хоҳам кард ва дар роҳи ҳифзи шаъну шарафи худ ва хонадонам аз ҳама усули қонунӣ истифода хоҳам бурд.

Худо ба Шумову хоҷагони Шумо инсофу виҷдон диҳад.
14.09.2010 с.

1 комментарий:

  1. Барои ман то хол як чизаш ба кавле "загадка" менамояд, ки чи сабаб шуд, ки он рузхо дар майдони Шахидон. дар холе, ки хама мардум дар атрофи Шумо ва Шумо баринхо чамъ омада буданд, ва Шумо ба хайси як пешвои асосии муслимини точик баромад карда сиёсатро ифлоси гуфтеду худ ба гирдоби ин ифлоси фаро рафтед??? Ва баъдан точикони водии Гармро ба гирдоби балои "кулобибадбини" гирифтор намудед? Оё шумо - пешвоёни ин майдон медонед, ва огох хастед ки пас аз фирор кардани Шумо ва хамтоёнатон аз кишвар чи кадар точики гарми шахиди тири лакайхои берахми палид гашт???????????? Оё Шумо ва хамтоёни Шумо аз ин равандхои рафта огохед?????? Агар вокеан огох бошед пас бояд имонатон Шуморо азоб дихад ва бояд дар хобатон хар як точики шахидгашта аз тири нохак бинед!!!! Шумо шояд ин сатрхоро хонда камтар норохат шавед ва шояд нависандаи ин харфхоро дуои бад хам кунед вале ман як чавонеам, ки аз дуои бади кас ва дашному хакорат харосе хам надорам. Бароям хамин масъаларро равшан мекардед бисёр хам муташаккир мешудам. Бобокалони банда (Худованд рахматашон кунад), ки худ рухони буданду дар Бухорои Шариф тахсил карда буданд дар дафтраи хотироташон сабт кардаанд: "Хадафи ягонаи хаммаи хизбу харакат, созмонхои чамъияти, динхо ва матбуоти даври ба даст овардани захирахо ва хокимият буд хаст ва хохад буд!!!"

    ОтветитьУдалить