Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода ҳангоми дуо дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе, Иди Қурбони соли 2009 |
Имрӯз дар Маркази исломии Тоҷикистон расми видоъ бо муфтӣ Амонуллоҳ Неъматзода баргузор мешавад ва сипас ҷанозаи эшон ба зодгоҳи ниёконашон деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод интиқол дода хоҳад шуд.
Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита гуфт: "Мувофиқи пешниҳоди шаҳрдорӣ расми бошукӯҳи видоъ бо муфтӣ Неъматзода дар Маркази исломии Тоҷикистон баргузор мешавад. Баъд аз он мувофиқи васияти эшон он кас ба зодгоҳи бобои бузургашон ба деҳаи Элоки Файзобод бурда мешаванд."
Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита гуфт: "Мувофиқи пешниҳоди шаҳрдорӣ расми бошукӯҳи видоъ бо муфтӣ Неъматзода дар Маркази исломии Тоҷикистон баргузор мешавад. Баъд аз он мувофиқи васияти эшон он кас ба зодгоҳи бобои бузургашон ба деҳаи Элоки Файзобод бурда мешаванд."
Шайх Амонуллоҳ Неъматзода, ки аз соли 1997 ба ин сӯ раҳбарии Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, рӯзи 6-уми сентябр бар асари бемории тӯлонӣ аз дунё даргузашт.
Хабари даргузашти эшон дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуд ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ даргузашти Шайх Амонуллоҳ Неъматзодаро ба мусулмонони кишвар ва наздикони марҳум таслият гуфт.
Вокунишҳо ба мероси Шайх Амонуллоҳ Неъматзода асосан мусбатанд, аммо ин ҳам гуфта мешавад, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон таҳти раҳбарии ӯ, бо вуҷуди як созмони иҷтимоӣ ва мустақил буданаш пайваста аз манфиатҳои ҳукумат ҳимоят мекард ва дар дифоъ аз манфиати мусулмонон кӯтоҳӣ дошт.
Ба унвони намуна, гуфта мешавад, ки Шӯрои уламо натавонистааст, аз ҳаққи занони мусулмон ба сатр ҳимоят кунад ва аз ҳаққи онҳо ба намози ҷомеа низ. Дар даврони раҳбарии оқои Неъматзода Шӯрои уламо фатво дод, ки дигар занҳои тоҷик ҳаққи гузоштани намоз дар масоҷидро надоранд.
Ба унвони намуна, гуфта мешавад, ки Шӯрои уламо натавонистааст, аз ҳаққи занони мусулмон ба сатр ҳимоят кунад ва аз ҳаққи онҳо ба намози ҷомеа низ. Дар даврони раҳбарии оқои Неъматзода Шӯрои уламо фатво дод, ки дигар занҳои тоҷик ҳаққи гузоштани намоз дар масоҷидро надоранд.
Вале нақши ӯро барои аз миён бурдани низоъе, ки пайравони ҷараёни салафия дар кишвар, бахусус, дар масҷидҳо эҷод карданд, қобили таҳсин медонанд. Иддае бар инанд, ки оқои Неъматзода ҳамеша мардумро ба шеваи намозгузории ҳанафӣ даъват карда, бақияро, ки бо усули барои мардуми мо ноошно намоз мегузоштанду дуо мехонданд, рад кардааст.
Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон низ мегӯяд: “Амонуллоҳ Неъматзода яке аз шахсиятҳои барҷастаи динӣ дар Тоҷикистон буд. Зеро тӯли 14 соле, ки эшон дар мақоми баланди динӣ ҳамчун сарвари мусулмонҳо фаъолият доштанд, давраҳои ҳассос ва пурмаъсулияту таърихсози миллати тоҷик буд. Дар ин давра миллат ба ин гуна фарзандон ниёз дошт. Муфтӣ рисолати худро дар масъала ба итмом расонид.”
Аммо оқои Неъматзода замоне ба унвони раҳбари Шӯрои уламо пазируфта шуд, ки собиқ идораи қозиёт ё муфтиёти Тоҷикистон дар гузашта яке аз нерӯҳои сиёсӣ дар кишвар буд ва ҳукумат чунин нақши онро намехост, биноан ӯ талош кард, ки зиёд назаррас набошад.
Шайх Амонуллоҳ Неъматзода то замони омаданаш ба Шӯрои уламои Маркази исломӣ муддате имоми масҷиди Шоҳмансур ва баъдан имомхатиби масҷиди Ҳазрати Мавлоно буд.
Дар зимн, ҷаноби Неъматзода дар тӯли як соли ахир низ дар маҷолис ва сӯҳбати рӯҳониён хеле кам пайдо мешуд. Баъзе аз манбаъҳои наздик ба худи ӯ мегуфтанд, ки оқои Неъматзода аз бемории саратон ранҷ мекашад ва барои табобат аксари вақти худро дар хориҷ аз кишвар мегузаронад.
Бори охир ӯ дар маросими ҷанозаи Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, собиқ раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар масҷиди Имом ал-Бухорӣ баргузор шуд, дар ҳузури ом пайдо ва суханронӣ карда буд.
Феълан гуфта мешавад, фаъолияти Шӯрои уламои маркази исломиро Маъруфулло Раҳимов, муовини Амонуллоҳ Неъматзода идома медиҳад, ки ба ақидаи бархе аз коршиносон, аз эҳтимол дур нест ӯ дар оянда раҳбари ин шӯро шавад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий