! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

07 сентября, 2010

Зойиров: "Инқилоб не, табаддулоти сиёсӣ мешавад"

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ,
пас аз эълони натиҷаи интихоботи
моҳи феврали соли 2010, Душанбе
Гурӯҳе аз намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҷунбиши мардумиеро бо номи Иттиҳоди нерӯҳои демократӣ бунёд гузоштанд.
Онҳо мегӯянд, рукуди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон сабаби чунин тасмим шудааст ва ҳаракати нав бояд ин фазои рокидро ба ҷумбиш орад, ба ҷисми ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҷони тоза дамад.

Дар садри ин ҷунбиши нави мардумӣ, ки феълан кумитаи тадорукотии он аз ҳафт нафар ва он ҳам аз намояндагони панҷ минтақаи Тоҷикистон иборат аст, Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи кишвар қарор дорад. Қарор аст, конфронси муассисони ин ҷунбиш дар охири моҳи сентябр баргузор ва раҳбару барномаҳои он мушаххас шаванд.

Чунин ҷунбиш оё ба иҷрои аҳдофи онҳо чӣ хоҳад дод, дар ҳоле ки ҳизби сиёсӣ, ниҳоди назар ба ҷунбиш муназзамтару мунсаҷимтар натавонистааст, ба сурати умум муваффақ гардад, ҷунбиш, ки метавонад як созмони васеъ ва барои идора мушкил бошад, чӣ натиҷа оварда метавонад?

Бо ин суолҳо ба муаллифи ташаббус, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматилло Зоиров муроҷиат кардем:

-Аз номаш маълум, ки як ҳаракати мардумист. Ҳоло дар вазорати адлия ба қайд гирифта намешавад. Ҳамчун шахси юридикӣ амал намекунад. Аммо он муаррификунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷиҳати сиёсӣ хоҳад буд. Дар чанд муддати ахир, бахусус, пас аз солҳои 2001-2002 ташкил шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инкишоф ёфтани ин равияҳо дар Тоҷикистон натанҳо заиф, балки фаъолияти онҳо зери суол қарор гирифтааст. Зеро созмонҳои ғайридавлатӣ аз бисёр нигоҳ аз сиёсат дур рафтаанд. Интихоботи солҳои 2005 ва 2010 ба ин оварда расонд, ки ҳукмати Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсиро аз бисёр ҷиҳат пахш кард. Тақрибан ягон ҳизби мухолиф ба миён наомаданд.


Имрӯз тасим гирифтем, ки натанҳо дар асоси ҳизбҳои сиёсӣ, балки дар асоси дигар созмонҳои ғайридавлатӣ, шахсони инфиродӣ ва намояндагони ваосити ахбори омма як иттиҳоди мардумӣ, иттиҳоди нерӯҳои демократиро ташкил кунем.

Аз ҳоло кумитаи тадорукот ташкил ёфтааст. Онҳо аз ҳафт нафар иборатанд. Мо омодагӣ мегирем ва на дертар аз се ҳафтаи дигар анҷумани ҷунбиши мардумиро дар асоси пешниҳоди ҳам кумитаи тадорукот ва ҳам одамоне, ки хоҳиш доранд ба ин ҷунбиш ворид шаванд, анҷуманро мегузаронем. онфронсро мегузаронем. шаванд, ар аосис пешниҳоди ҳам кумитаи тадорукот ва ҳам одамоне, ки хоҳиш дорндФикр мекунам, охири моҳи сентябр эълон медорем, ки ҷунбиши мардумии Иттиҳоди нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар асоси анҷуман расмӣ мешавад. 

-Шумо гуфтед, ки ин ҷунбишро дар вазорати адлия ба қайд намегиред. Иллаташ чӣ аст ва аслан дар ин бора қонунгузорӣ чӣ мегӯяд? 

-Сабабаш дар он аст, ки то мо ба қайд мегирем, вақт меравад. Мо ҳоло дар асоси оинномае, ки мо худамон тасдиқ кардем ва барномае, ки барои ин ҷунбиш тартиб додем, амал кардан мегирем.

Ҳоло вақтро ғанимат дониста, фаъолияти худро оғоз мекунем. Қонунгузор дар ин маврид ягон монеагузорӣ надорад. Мо бевосита ҳамчун ҳаракати мардумӣ амал карда метавонем. Оянда ҳуҷҷатҳоро ба вазоарти адлия месупорем, аммо он то куҷо ба қайд гирифта мешавад ё намешавад, ба ҳиммати ин вазорат бастагӣ дорад.


-Кори ин ҷунбиш аз чӣ иборат хоҳад буд? 

-Ин нерӯи мардумӣ барои баланд бардоштани фарҳанги сиёсиву фарҳанги иҷтимоии мардум равона мешавад. Кори асосии мо фаҳмондадиҳӣ хоҳад буд. Дар бисёр ҳолат мо ҳаракат мекунем, ки семинару конфронс гузаронида, ба мардум фаҳмонем, ки чаро дар чанд соли ахир ҷомеаи Тоҷикистон пеш рафта наметавонад. Сабабҳои асосиро таҳлил карда, мо бояд ки ҷомеаро барои пеш бурдани ҳам ҷомеа ва ҳам давлати Тоҷикистон омода кунем.


- Дар оғоз ишора кардед, ки ташкили ҷунбиш нақшаи хеле қадимии шумо буд. Вале акнун фурсаташ расид, то он рӯи об барояд. Ин ба кадом маъност? 

- Маънояш ин аст, ки хеле қабл мо ин нақшаро доштем ва барои амалӣ карданаш фикр мекардем. Як вақт гуфтем, ки коалитсия шавад. Як вақти дигар гуфтем, ки бояд ассосиатсия ташкил кунем.

Дар ду ҳафтаи ахир ба хулосае расидем, ки ҳамчун ҷунбиши мардумӣ номгузорӣ кунем. Ҳар як созмони ғайридавлатӣ ва ҳизби сиёсӣ, ки худро демократӣ ҳисоб карда, ба манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон амал кардан мехоҳад, ба ин ҷунбиш ворид мешавад.Ин ҳамчун алтернативаи ташаккул додани ҷомеаи шаҳрвандӣ шуда метавонад. 


- Чӣ барномаҳои хосе барои иҷро доред?

-Нақшаҳо зиёданд. Вале то гузаштани анҷумани ҳаракати мардумӣ барнмаҳоро ошкор карданӣ нестем. Зеро ҳам барнома, ҳам оиннома ва ҳам раҳбари онро дар анҷумани ҷумҳуриявӣ тасдиқ мекунем.

Феълан ҳаминро гуфта метавонам, ки дар Тоҷикистон рӯз то рӯз ҷомеаи шаҳрвандӣ қафо меравад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ он қадамҳои устуворе, ки дар оғози солҳои навадум гузошта буд, имрӯз тақрибан аз даст додааст.
Мо ният дорем, ҳамин гуна ҷомеаи шаҳрвандиро ба вуҷуд орем, ки ҳам ҷомеаи шгаҳрвандиро ҳимоят карда тавонад ва ҳам давлату ҳукумати Тоҷикистонро барои пеш рафтан ҳидоят карда тавонад.


-Аммо далелатон барои ин ки мегӯед, ҷомеаи шаҳрвандӣ қафо меравад, кадом аст? 

-Ин бисёр осон аст. Ҳар як ҷомеаи шаҳрвандӣ чанд намуд пояҳои худро дорад. Ҳам пояи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Сараввал, аз ҷиҳати сиёсӣ на танҳо ҳизбҳои сиёсӣ, балки созмонҳои ғайридавлатӣ низ хислати мухолифини конструктивиро дошта бошанд. Рӯйирост гап зада тавонанд. Мо мебинем, ки ин сол ба сол аз байн рафта истодааст ва қувваҳо низ аз миён рафта истодаанд.


Баъдан, соҳаи маориф танҳо барои ҳукумат хизмат мекунад. Симои худро надорад. Ман ягон китоби илмиро надидам, ки кори ҳукуматро танқид карда, роҳҳои бартараф кардани ин камбудҳоро нишон дода бошад. Ё ягон олим рӯйирост алайҳи фаъолияти ҳукумат ҳарф зада бошад ва ғайра.


-Боз ба мавзӯи ҷунбиши мардумӣ баргардем. Фикр мекунед, давлат то чӣ ҳад шуморо ба хушӣ хоҳад пазируфт?

- Ба мо ҳич кас дигар тӯҳмат зада наметавонад. Дар анҷуман ширкат карда, худашон бовар хоҳанд кард, ки ҳар як фард ва ҳар созмоне, ки ба ин ҷунбиш ворид мешавад, аз руйи дилсӯзияш ба мардуми Тоҷикистон ба ин ҷунбиш ворид мешавад. Дар давлате, ки мехоҳад демократӣ бошад ва аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта шавад, ин гуна ҷунбиши мардумӣ ҳам аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам қишрҳои дигари ҷомеа пуштибонӣ ёбад.


 
- Вале гап сари ин аст, ки ҳоло дар раъси ин ҷунбиш шумо ҳастед. Ҷониби давлат фикр мекунад, ин шояд лоиҳаи дигари Зоиров ва ҳизби ӯст... 

- Вақте ки маро раиси кумитаи тадорукот интихоб карданд, гуфтам, ки биёед, ба ҷои ман нафари дигар бошад. Азбаски ному насаби маро дарҳол ба ҳизби сотсиал-демократ ва мухолифи президенти Тоҷикистон рабт медиҳанд.


Бо вуҷуди ин, ин масъаларо ҳам гузоштам, ки бояд ҳамраисӣ бошад. Ё ки ғайр аз Раҳматилло Зоиров дигар одам интихоб гардад.


- Ҳоло дар ду ҳафтаи ахир баъзеҳо мегӯянд, ки вазъи ороми кишвар як андоза тағйир карда. Зоҳиран мардум дар изтироб афтодаанд. Шумо чӣ фикр мекунед ва баъд аз ин чӣ хоҳад шуд? 

- Якчанд бор таъкид кардам ва боз таъкид мекунам, бо ин вуҷуд, ки ҳамеша мегӯянд, ки зиддиҳукуматӣ ҳастам. Агар ҳамин тавр сиёсати ҳукумати Тоҷиикстон идома ёбад, ман гуфта метавонам, ки дар идомаи як сол дар Тоҷикистон табадуллоти сиёсӣ мешавад. Ин табадуллот сараввал аз дохили худи ҳукумат ташкил мешавад.

Он чизе, ки дар Хуҷанду Душанбе рух дод, шурӯъ аз фирори маҳбусин то таркиш, ҳам эътирози ҳуқуқӣ аст ва ҳам эътирози сиёсиву маънавӣ.

Ҳоло вазъият ба дараҷае расидааст, ки агар ҳукумати Тоҷикистон режими сиёсии худро демократӣ карда, иқтисоди кишваро аз дасти монополистҳо озод накунад, мақомоти қудратӣ ва судӣ дар нисбат ба шахсият ҳурматро ба ҷо оварда натавонанд, фикр мекунам, ки барои табаддулоти сиёсӣ дар Тоҷимкистон рӯзҳои башуморе мондааст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий