СОЛИ ИМОМИ АЪЗАМ
Аммо муҳимтарини он таҷлил аз соли бузургдошти Абӯҳанифа Нӯъмон бани Собит, мулаққаб ба Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ будааст, ки аксари кулли сокинони Тоҷикистон ҳам аз ин мазҳаб пайравӣ мекунанд. Ин ҷашн бо даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории як ҳамоиши бузург дар фасли пойиз, ки намояндагони барҷастаи ислом аз кишварҳои дунё ширкат ва суханронӣ карданд, таҷлил шуд.
Кароматулло Олимов, раҳбари Институти шарқшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, таҷлили соли бузургдошти Имоми Аъзамро, дар ҳоле ки ихтилоф миёни мазоҳиби дини ислом рӯ задааст, айни муддао донист.
Аксари рӯҳониёни тоҷик ҳам аз соли бузургдошти Имоми Аъзам пуштибонӣ карданд. Онҳо хушбинанд, ки бо ҳамин ҷудоии дину давлат аз миён рафта, давлат талош мекунад ба мушкили мусулмонон ҳам расидагӣ кунад. Ҳамдиллоҳи Раҳимзода, имомхатиби масҷиди марказии Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ, бовар дорад, ки бо ин соли бузургдошти Имоми Аъзам, эҳтиром ба диндорон дар Тоҷикистон поён нахоҳад ёфт.
Аммо иддае аз рӯҳониёне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, таҷлил аз соли бузургдошти Имоми Аъзам ба даст овардани дили рӯҳониён будааст, ки хоставу нахоста дар самтгириҳои ҷомеа нақшу таъсир доранд. Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки давлат бо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудааст, рӯйи ниёз ба кӯмаки рӯҳониён овардааст.
Бо ин вуҷуд, таҷлили соли бузургдошти пешвои мазҳаби ҳанафӣ аз муҳимтарин ҳодисаи мазҳабии сол дар Тоҷикистон эътироф шудааст.
ТАСВИБИ ҚОНУНИ БАҲСБАРАНГЕЗ
Рӯйдоди дигаре, ки то ҳоло баҳси он хотима наёфтааст, тасвиби қонуни нави дин аз сӯйи вакилони Маҷлиси Намояндагон ва имзои он аз сӯйи раиси ҷумҳур будааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳадаф аз қабули ин қонун ба танзим овардани фаъолияти муассисаҳои динист.
Вале гурӯҳҳои динӣ мегӯянд, давлат бо қабули ин қонун талош кардааст, ки фаъолияти муассисаҳои диниро шадидан таҳти назорат гирифта, барои фаъолиятҳои озоди онҳо маҳдудият эҷод кунад. Ин тарҳи қонуни баҳсбарангез, ки ду сол мавриди баррасии муассисаҳои динӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ қарор дошту баҳои манфӣ гирифта буд, бо ишора ба ин ки қонуни пешин ба таҳрир ниёз дорад, пазируфта шуд.
Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, замоне ки тарҳи ин қонунро барои вакилони Маҷлиси Намояндагон муаррифӣ мекард, гуфт, ин қонун ба равандҳои замони муосир мувофиқ аст.
Дар дебочаи ин қонуни нави дин ба мазҳаби ҳанафӣ таъкиди хос рафтааст. Мақомот мегӯянд, ин ба маънои он нест, ки мазҳаби ҳанафӣ мазҳаби расмӣ дар Тоҷикистон бошаду ба мазоҳиби дигар эҳтиром гузошта нашавад. Вале баъд аз қабули ин қонун, баъзе аз рӯҳониён гуфтанд, ки қонуни нави дин ба ҷойи содда кардани кори диндорон, барояшон мушкил эҷод кардааст.
Тарҳи қонуни динеро, ки парлумони Тоҷикистон тасивб кард, идораи умури дин дар вазорати фарҳанг ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод карда буд. Аммо пештар аз ин, Ҳизби наҳзати исломӣ ба мақомот тарҳи қонуни дини худро тавассути вакилонаш дар парлумон ироа кард, вале ба далели ин ки дастгоҳи раисиҷумҳур ба ин қонун баҳои манфӣ дод, Маҷлиси Намояндагон аз баррасии он даст кашид.
МАНЪИ САЛАФИЯ ВА БОЗДОШТИ ПАЙРАВОНАШ
Ҳодисаи дигаре, ки саҳнаи мазҳабии Тоҷикистонро дар соли 2009 пуршӯр кардааст, манъи ҳузур ва фаъолияти ҷараёни тозапайдои Салафия аз сӯйи Додгоҳӣ олӣ будааст. Мақомоти додгоҳи олӣ мегӯянд, ин қарорро бо даъвати Додситонии кулли Тоҷикистон ва барои ҷилавгирӣ аз низоъи миёни пайравони мазҳабҳои мухталиф содир кардаанд.
Ҷараёни тозапайдои Салафия, ки ҳанӯз се соли пеш дар масҷидҳои Тоҷикистон зуҳур кардааст, аксари намояндагонаш ҷавонҳои таҳсилдидаи мадрасаҳои динии Покистон ва Арабистони Саудӣ будаанд. Ин гурӯҳи ҷавонон, ки бо номи салафӣ шинохта шудаанд, бо усули намозгузории худ аз дигар намозгузорон фарқ мекарданд. Яъне, онҳо бо садои баланд омин мегуфтанд. Даст болои сина намоз мехонданд ва дар паҳн кардани пойҳояшон ҳангоми адои намоз бо дигарон ихтилофи назар доштанд.
Вале Домулло Муҳамадӣ, ки ба унвони раҳбари ин ҷараён дар Тоҷикистон муаррифӣ шудааст, гуфт, ки ҳузури онҳо ба маънии эҷоди ихтилоф миёни мазҳабҳои дини мубини ислом набудааст.
Шӯрои уламои маркази исломӣ барои манъи ҳузури салафиҳо дар Тоҷикистон пойфишорӣ кардааст. Ин марказ ҳанӯз дар соли 2006 китоберо ба номи “Симои воқеии салафия” чоп карда, онҳоро ба унвони дастпарвар ва ҷосусони кишварҳои хориҷӣ муттаҳам карда буд. Ҳатто рӯҳониёни суннатии Тоҷикистон, аз ҷумлаи хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ҳам алайҳи ин гурӯҳ садо баланд карданд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, дар чанд матлаб дар расонаҳои кишвар фаъолияти ин ҷараёнро ба оғози фаъолияти Толибон дар Афғонистон мушобеҳ донист.
Баъд аз манъи фаъолияти пайравони ҷараёни салафия дар Тоҷикистон дар оғози соли 2009, мақомоти қудратии кишвар тобистони ҳамин сол гурӯҳи бузурги салафиҳоро дар масҷиде дар маҳаллаи “Зарафшон”-и шаҳри Душанбе бо раҳбарии Домулло Сироҷиддин боздошт карданд. Кумитаи анмияти миллӣ алайҳи онҳо парванда боз кард ва охирин хабарҳо ҳокӣ аз он аст, ки парвандаи чанде аз онҳо дар охири соли 2009 ба додгоҳи олӣ ирсол шудааст. Аммо дар ин сол ҳич кадом аз салафиҳо ба зиндон афканда нашудаанд.
БОЗДОШТ ВА ҲУКМИ АЪЗОИ ҶАМОАТИ ТАБЛИҒ
Боздошт ва ҳукми пайравони ҷамоати Таблиғ дар шаҳри Душанбе ва Қӯрғонтеппа низ яке дигар аз ҳодисҳои муҳими марбут дину мазҳаб дар соли 2009 дониста мешавад. Дар ин сол мақомоти интизомӣ бештар аз 100 узви ин ҷамоатро боздошт ва чор нафари онҳоро дар оғози фасли пойиз аз се то шашсолӣ ба зиндон маҳкум кард.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ҳоле ки додгоҳӣ олӣ ин ҷамоатро ҳанӯз дар соли 2006 бо судури як мусавваба ҳаракати террористиву экстримистӣ эълон кардааст, пайравони ин ҷамоат ғайриқонунӣ ба таблиғи дин машғул шудаанд. Дар ин сол ҳамчунин қозиёни Додгоҳӣ олӣ дар Душанбе ва додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба барасии парвандаи ҳудуди сад нафар аз аъзои ҷамоати таблиғ шурӯъ кардаанд.
Ин амалкарди мақомот дар баробари таблиғиҳо, ки ба унвони гурӯҳи ором миёни диндорон ном бурда мешаванд, иддае аз рӯҳониёро нигарон кардааст. Ахиран Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусулмонон, аз Ҳизби наҳзати исломӣ хост, то барои бознигарии қарории додгоҳӣ олӣ, ки ҷамоати таблиғро ҳаракати террористиву экстримистӣ хондааст, ба унвони як ҳизби исломӣ талош кунад.
НАХУСТИН МАРКАЗИ ИСМОИЛИҲО
Барои нахустин бор пайравони исмоилия, ки як шохаи мазҳаби аҳли шиа аст, дар Тоҷикистон соҳиби маркази бузурге шуданд. Маркази исмоилиҳо, ки пойдевори онро Оғохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2003 гузоштаанд ва он бо сармояи Бунёди Рушди Оғохон бино шудааст, нахустин чунин як марказ дар тамоми Осиёи Марказӣ мебошад. Гуфта мешавад, то соли 2009 аксари исмоилиён ибодати худро дар шаклҳои алоҳида дар хонаҳои худ адо мекардаанд. Ва қисмати ками сокинон дар Бадахшон ҷамоатхона, ибодтагоҳи махсуси исмоилиёро доштанд.
Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон бештар аз 200 000 пайрави шиамазҳаби исмоилӣ ба сар мебаранд, ки қисмати аслии онҳо дар вилояти Бадахшон ва қисматҳои дигар дар баъзе аз навоҳии вилояти Хатлон, Душанбе ва Хуҷанду Роғун ҷой гирифтаанд. Пайравони ин шоха, ки аксаран зодаи минтақаи Кӯҳистони Бадахшонанд, бо забони ба худ хос ҳарф мезананд ва онҳоро Оғохони Чор, ки ба унвони Имоми Замон ва ё Ҳозиримом маъруф аст, раҳнамоӣ мекунад. Ҳоло дар Тоҷикистон таассуб ё суннигароӣ ва ё шиагароӣ ба таври ҳассос вуҷуд надорад ва аммо аксари коршиносон ба ин боваранд, ки мавриди истифода қарор гирифтани нахустин Маркази исмоилиҳо дар маркази шаҳри Душанбе ба афзоиши ҳузуру мавқеи онҳо дар Тоҷикистон ва муаррифии бештари мазҳаби исмоилия мусоидат хоҳад кард.
НОМНАВИСИ ТАКРОРӢ
Баъд аз қабули қонуни нави дин сабтиноми такрории масоҷид ва созмонҳои динӣ дар кишвар ҳатмӣ шуд. Идораи умури дин дар вазорати фарҳанг аз масоҷид ва муассисаҳои динӣ хост, ки барои фаъолиятҳои қонунии худ дар вазорати фарҳанг аз сари нав сабтином шаванд ва шаҳодатномаи фаъолиятро дарёфт кунанд. Мақомоти вазорати фарҳанг гуфтанд, ки номнависи такрорӣ то соли анви 2010 идома мекунад ва онҳое, ки то ин муддат номнавис намешаванд, ҳаққи фаъолияти худро аз даст хоҳанд дод. Аммо масъулони вазорати фарҳанг ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то охирин лаҳзаи соли 2009 бештар аз якуним ҳазор муассиаҳои динӣ, аз ҷумлаи масҷидҳои ҷомеъву панҷвақта, аз номнависи такрорӣ гузаштаанд, вале ҳанӯз бештар аз ду ҳазор муассисаи дигари динӣ шаҳодатномаи фаъолияти худро дарёфт накардаанд.
СУКУТИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИИИСЛОМӢ
Аммо созмонҳои ғайриисломӣ дар Тоҷикистон дар ин сол ғавғое ба сар надоштанд. Ҳатто онҳо аз қабули қонуни баҳсбарангез ва номнависи такрории муассисаҳои динӣ нигаронӣ накарданд. Аммо вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолияти ду созмони масеҳӣ дар Тоҷикистонро бари нақзи қонунҳои кишвар боздошт. Бо ин ҳисоб аз ҳаштоду чор созмони динии ғайримусулмонӣ ҳамагӣ ҳаштоду дуи он боқӣ мондааст. Ва баъд аз як соли интизорӣ ва даъваоҳо дар соли 2009 яҳудиёни Душанбе соҳиби ибодатгоҳ шуданд. Ибодатгоҳи пешини яҳудиёнро, ки дар маркази Душанбе ва дар наздикии Қасри Миллат буд, мақомот тахриб карданд.
Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Раҳмон ва раҳбари Ориёнбанк, пас аз сафараш ба Нию Йорк ва дидораш бо яҳудиёни Бухоро як манзилро дар маркази Душанбе ба яҳудиён барои адои ибодаташон тақдим кард. Вале яҳудиён мегӯянд, то ҳоло натавонистаанд, ки ин манзилро ба номи худ сабтином кунанд.
ВА…
…имсол донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки қаблан мусутақил буд, ба ҷузъи вазорати маориф дохил онро донишкадаи давлатии исломӣ эълон кард. Вале бо ин ҳол, соли 2009 натавонистаанд ба баъзе аз баҳсҳои мазҳабӣ нуқта гузоранд. То ҳанӯз баҳси пӯшидани ҳиҷоб, намозгузории занон дар масҷид,баёни амри маъруфҳои рӯҳониён дар масҷид, ҳузури наврасон дар намози ҷамоат аз мушкилҳое ҳастанд, ки диндорон онро ба соли 2010 мебаранд.
Илхом:
ОтветитьУдалитьДуруду сипос ба Каюмарси азиз. Хеле маводхои хонданибоб. Дастатон дарда набинад, бародар.