! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

29 декабря, 2009

Сокинон: “Ба уммеди боз як соли дигар”


Соли 2009 бо таҳаввулот ва рухдодҳои гуногунаш барои сокинони Тоҷикистон хотирмон будааст. Агар як идда аз ин сол ба хушӣ ёд кунанд, иддае дигаре ҳастанд, ки ин солро бо андӯҳ ба ёд меоранд.


Ҳафиза, як ҳамсӯҳбати мо аз ҷумлаи сокинони Душанбе, мегӯяд, имсол ӯву хонадонаш, ки манзили маскунии худро як соли пеш дар наздикии Қасри Миллат аз даст дода буданд, соҳиби хонаи нав шуданд. Вале ӯ мегӯяд, ин манзили нав барои понздаҳ нафар аз аҳли хонаводаи ӯ тангӣ мекунад.

Гурӯҳи дигари сокинон мегӯянд, ки дар соли 2009 натавонистаанд барои аризаҳои худ аз сӯйи мақомоти расмӣ посух дарёфт кунанд. Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, замоне ки шавҳараш ӯро ба унвони зани дуввум аз хона ронд, талош кардааст, барои се фарзанди ба гуфтаи зиндаятимаш аз сӯйи давлат кӯмак дарёфт кунад, ки то ҳанӯз ба он даст наёфтааст.

Як ҳамсӯҳбати ман дар роҳи зеризаминии фурӯшгоҳи марказии Душанбе майдафарӯшӣ мекунад. Вай зани хушмуомилаест, ки мегӯяд, қаблан ҷойи кор надошт ва рӯзи худро аз пайи корҳои хона ба истилоҳ “кӯр” мекард. Ҳоло ӯ хушнуд аст, ки бо вуҷуди мушкилӣ, ҷое барои майдафурӯшӣ пайдо кардааст ва ба ин васила рӯзии худро меёбад.

Ин зани майдафарӯш бовар дорад, ки дар соли нави 2010 кори беҳтареро барои худ пайдо хоҳад кард. Саодат Азизова, ҳунарманди шинохта дар театри Лоҳутӣ ҳам аз ин сол хотираҳои хубе ба ёд доштааст. Вай мегӯяд, дар соли 2009 муваффақ шудааст, осорхонаи театри Лоҳутиро, ки дар ин сол ҳаштодсола шуд, бунёд гузорад. Аммо ӯ орзуи онро дорад, ки дар соли 2010 толори театрҳои Тоҷикистон, ки дар ин чанд соли ахир холӣ будаанд, пур аз тамошобин шавад.

Баъзе аз ҳамсӯҳбатони мо аз таъсири бӯҳрони молӣ ба зиндагии худ ҳам ҳарф мезананд. Бахусус, онҳое, ки фарзандону шавҳаронашон дар муҳоҷиратанд ва ё пайвандонашон бо тиҷорат сари кор доранд. Афзали Қодир, аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе мегӯяд, соли 2009 бо мушкилиҳои марбут ба бӯҳрони молӣ дар хотираи ӯ нақш бастааст: “”.

Бо ин ҳол, бо даҳҳо тани дигар ҳамсӯҳбат шудем, ки аз соли 2009 хотираҳои хубу хотирмоне ба ёдгор доранд. Ҳар яке аз онҳо ба зиндагӣ бо нигоҳи гармтаре дида медӯзанд ва мегӯянд, ки ҳар солро ба умеди як соли хуши дигар пушти сар мекунанд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий