! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

29 апреля, 2011

«در تاجیکستان رو به ترانه‌ها مذهبی می‌آرند»


در تاجیکستان گروه‌های پیدا شده‌اند، که با ضرب موسقی‌های معاصر ترانه‌های مذهبی اجرا می‌کنند.

«شبنم ثریا»، «صدرالدین نجم‌الدین» و «جانبیک مراد» از آوازخوان‌ها پاپ تاجیک، که میان تاجیکان و فارسی‌زبانان آمریکا و اورپا محبوبند، نیز ترانه‌ها مذهبی سروده‌اند.
«محمد صابر» از آوازخوان‌ها جوانی است، که خودرا پیرو «سامی یوسف» نشدخوان معروف جهان اسلام می‌داند و می‌گوید، «اگر موسقی و متن ترانه ترغیب‌گر اخلاق نیکو باشد، نه بر ضرر، بلکه به منفعت خواهد بود.

25 апреля, 2011

Ҷадид-Онлайн: Гулназар, шоъири ҳама


Гулназар, шоъири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии ин кишвар аст. Вай 20 септомбри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнӣ (Фалғари пешин) ба дунё омад. Шеъргӯиро дар дабиристон оғоз кард ва соли 1961 ба шаҳри Душанбе омад, то таҳсилоташро дар бахши торих ва суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома диҳад. Вай дар ин шаҳр, ки маҳалли будубоши бузургони шеъру адаби имрӯзи Тоҷикистон аст, мондагор шуд.

Номаи Симонов ба Раҳмон дар бораи Додоҷони Атовулло


"Уважаемый господин Президент!
Вот уже почти 20 лет как Фонд защиты гласности следит за ситуацией со свободой слова в государствах бывшего СССР. Особым нашим вниманием пользуется возглавляемая Вами республика Таджикистан.

23 апреля, 2011

Ҳама ришу салла, физику математик куҷост?

Лаҳзае аз суханронии Мавлавӣ Муҳаммадқосим дар ҳамоиши солонаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки аз манфиат холӣ нест. Мавлавӣ Муҳаммадқосим тӯли ҳафт соли ахир дар зиндон нишаста, дар авохири  соли 2010 аз зиндон раҳо шуд. 


22 апреля, 2011

Муҳаммадҷони Шакурӣ дар бораи Садри Зиё (Видео)

Чанд рӯз пеш аз Иди Наврӯзи соли ҷорӣ ба дидорбинии Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ рафтем. Ҳамкорам дар Радиои Озодӣ - Абдуқаюми Қаюмзод дар бораи падари эшон, Садри Зиё, сӯҳбате оростанд. Ман ҳам аз фурсат истифода карда, бо дастгоҳи аккосии худ чанд лаҳза аз ин сӯҳбатро ба навор гирифтам ва ҳоло онро барои Шумо пешкаш мекунам:

  

«اسلامی‌های تاجیکستان در تلاش قدرت نیستند»

محی‌الدین کبری رهبر «حزب نهضت اسلامی تاجیکستان»، حزب مخالف حکومت این کشور اعلان کرده، که این نیروی سیاسی حد‌اقل تا پنج سال دیگر تلاش رسیدن به قدرت را نخواهد کرد. آقای «کبری» افزود، وقت آن رسیده است، که نه تنها در تاجیکستان، بلکه در تمام دنیا نیروهای اسلامی سر قدرت آیند.

"ЭЛИТА": The Secret Of Ustod Ato

Ӯ ба як ибора “марди оҳанин” аст. На дар оташи ҳасади душманонаш сӯхтаву на дар кӯраи тавсифи ҷонибдоронаш об шуда...

Ҳарчанд Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, маъруф ба устод Ато, мегӯяд, ки чанд муддати ахир аз ҳар гуна сӯҳбати сиёсӣ бо хабарнигорон худро канор гирифтааст, вале ҳайати эҷодии маҷаллаи “Элита”-ро ба ҳузур пазируфт.

Фирдавсии Нуралиён дар бораи сайти "firdavsi.com"


Пурсиш: Сомонаи «ФИРДАВСӢ» аз кадом вақт ба ин сӯ фаъол аст ва аз куҷо идора мешавад?

Посух: Ифтитоҳи ин сомона ба соли 2009 рост меояд ва ҳама вироиши он ва роҳандозии мавод аз ҷониби ин бандаи Худо, дар вақти фароғ анҷом меёбад. Агар дар сомона ишколе пайдо шавад, ки аз доираи қудрати ман берун бошад, ба коршиносони сомонасоз муроҷиат мекунам.