
Бисту чаҳор солаш буд, ки дар саоли 1969 нахустин маҷмӯъаи шеъраш бо номи “Расми сарбозӣ” мунташир шуд ва мавриди истиқболи шоъирони замон воқеъ шуд. Ва акнун Гулназар аз ҷумлаи саршиностарин шоъирони ин диёр аст. Ашъори ӯ дар Эрон ва Афғонистон ҳам ба табъ расидааст. Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназарро бо номи “Забони ошиқӣ” дар Теҳрон мунташир кард.
Audio
Суруди миллии Тоҷикистон, сурудаи Гулназар
Нигоҳи шоъиронаи Гулназар ва истеъдоди фитрии ӯ аз ҳар мавзӯъ ва манзара ё андеша ва эҳсосу авотифе дар қолибҳои мухталиф ё берун аз қаволиби роиҷ шеър месозад.
Устод Лоиқи Шеръалӣ, ки бо Гулназар тайи солҳои тӯлонӣ дар дафтари маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” кор карда буд, гуфта буд: “Дар шеъри мо ягон нафар чун Гулназар таҷрубаҳо накардааст”.
Фарзонаи Хуҷандӣ, шоъири саршиноси дигари тоҷик, мегӯяд: “Шеъри Гулназар мисли дарахти азими тановарест, ки дар масоҳати бузурги шеъри форсии тоҷикӣ доман густардааст”.
Акнун устод Гулназар дар интишороти “Адиб” кор мекунад, аммо ҳамчунон дар ҳоли навиштан ва чоп кардани маҷмӯъаҳои тозаи ашъораш аст. Тозатарин маҷмӯъаи вай бо номи “Туву хубиву раъноӣ” мунташир шуд.
Гузашта аз шеъргӯӣ, Гулназар дар навиштани филмнома ҳам табаҳҳур дорад ва тозатарин асараш дар ин замина филмномаи бахши дувуми сериёли “Дар орзуи падар” аст.
Соли 1991 яке аз ашъори Гулназар ба унвони “Суруди миллии Тоҷикистон” ҷойгузии шеъри Абулқосими Лоҳутӣ шуд, ки дар тамҷиди мардуми рус ва давлати Шӯравӣ навишта шуда буд. “Суруди миллӣ”-и Гулназар дар ситоиши Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақиллу озод аст. Дар яке ду соли ахир “Суруди миллӣ” мавриди баҳсу гуфтугӯҳои расонаҳои Тоҷикистон буд. Гулназар мегӯяд, ки аз ин баҳсҳо хаста нашуда ва мунтазир аст бибинад, ки чи каси дигаре суруди миллии беҳтаре хоҳад навишт.
Комментариев нет:
Отправить комментарий