! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

10 апреля, 2011

«اسماعیلی‌های تاجیکستان و آقاخان میلیونر»


«کریم آقاخان-۴» شاید برای برخی‌ یک میلیونر اروپای است، که در «فرانسه» به سر می‌برد. اما برای ۲۰۰ هزار پیرو مذهب «اسماعلیه» در تاجیکستان او «امام» یا «حاضر امام» و یا «مولا» است، که مردانش را هدایت و به آن‌ها از هر راهی‌ کمک می‌کند.
«آقاخان چار» خیلی‌ کم به تاجیکستان می‌آید. اما هر دفعه سفرش به تاجیکستان پیروان اسماعیلیه او را با احترام خاص استقبال گرفته، امید دارند که با آمدن او تغیراتی در زندگی‌شان رخ خواهد داد. حالا در تاجیکستان بانک و دانش‌گاه و سازمان‌ها مربوط به آقاخان فعالیت می‌کند. این سازمان‌ها هنوز در دوران جنگ شهروندی به مردم «بدخشان» و ساکنان مناطق شرقی تاجیکستان که مکان اصلی درگیری‌ها بود کمک کرده است.

«ترانه‌های غریبی و مشکل مهاجران تاجیک»

مشکل مهاجرت ساکنان تاجیکستان به «روسیه» در ترانه‌های آوازخوان‌های این کشور هم بازتاب یافته است. حالا ده‌ها ترانه در‌باره غریبی، رنج مهاجرت، بی‌کاری و جدایی پدر از فرزندان سروده و به بازار برآورده شده است، که در آن از بی‌رحمی ملت‌گرایان، پلیس و کارفرمایان روس نیز قصه می‌شود.

09 апреля, 2011

Дунявӣ, аммо бо ҷомаи шариат / دنیوی، امآ در جامه شریعت


Иддае аз сокинон мегӯянд, бо вуҷуди он ки дар кишвари дунявие чун Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, вале ҳамоно меъёрҳои шариату одатҳои исломӣ аз қонунҳои дунявии ҳукумат барояшон муқаддамтар будааст.

08 апреля, 2011

Бозгашт ба номҳои форсӣ / بازگشت به نام های فارسی

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, як ниҳоди расмии пуштибон аз забони тоҷикӣ, бо таҳияи феҳрасти номҳои форсӣ ё иронии қадим мехоҳад мардумро таблиғ кунад, то ба фарзандони худ исми форсӣ бигузоранд. Дар ҳоле ки дар даҳ соли гузашта дар Тоҷикистон мардум ба фарзандони худ бештар номҳоеро, ки решаи арабӣ доранд ва дар миёни ом ба унвони «номи исломӣ» низ маъруф аст, интихоб мекунанд.

05 марта, 2011

Wellcome, Сурайёи Ҳаким! / خوش آمدی، ثریای حکیم

Боз як нафари дигар ба сафи веблогнависон, ё беҳтараш веблогдорони тоҷик, пайваст. Ин ҳам Сурайёи Ҳаким аст, ки бо шеъру таронаву нақдҳои худ ба майдон омадааст ва умед дорам, кӯлбораш ҳамеша пур аз хонданиҳо хоҳад буд. Сурайё феълан дар Хуҷанд зиндагӣ ва дар идораи нашрияи "Ҳақиқати Суғд" кор мекунад.

04 марта, 2011

Нома ба Дилбар Самадова / نامه به دلبر صمداوا

Ҳоло дубора дафтари хотираҳоямро варақ мезанам, ки бештари онҳоро дар замони дар Хуҷанд будан навиштаам. Шаҳре, ки дар он, дар соли 2003, бо зане ошно шудам, ки ӯ тамоми афкору ҷаҳонбинии маро тағйир дод...

12 января, 2011

Чаро эҷодиёти Шайдои Хуҷандӣ таҳқиқ нашудааст? / چرا آثار «شیدای خجندی» تحقیق نشده است؟

http://cm-1tj.com/
Эшони Шайдо ва ё Шайдои Хуҷандӣ яке аз шоирони барҷастаи асри 17 ва 18 ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд дар даврони худ шоир маъруфияти зиёд дошт, вале дар адабиёти тоҷик як шахсияти ношинохта боқӣ мондааст.