Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, як ниҳоди расмии пуштибон аз забони тоҷикӣ, бо таҳияи феҳрасти номҳои форсӣ ё иронии қадим мехоҳад мардумро таблиғ кунад, то ба фарзандони худ исми форсӣ бигузоранд. Дар ҳоле ки дар даҳ соли гузашта дар Тоҷикистон мардум ба фарзандони худ бештар номҳоеро, ки решаи арабӣ доранд ва дар миёни ом ба унвони «номи исломӣ» низ маъруф аст, интихоб мекунанд.
Идораи сабти аҳволи шаҳрвандон дар Тоҷикистон мегӯяд, сокинон барои фарзандони худ ҳоло беш аз ҳама номҳои Муҳаммад, Абубакр ва Абдуллову Оишаву Умарро мегузоранд.
Як сокини ҷавони Тоҷикистон мегӯяд, ӯро дар аввал волидонаш Шоҳрух номгузорӣ карданд, вале баъдан бо машварати дӯстон номи худро ба Муҳаммад табдил дод.
Ҳамин тавр, акнун сафи онҳое, ки барои фарзандони худ номҳои Ҷамшеду Каюмарс, Гурдофариду Таҳмоспро бигузоранд, хеле кам андар каманд.
Рӯҳониёни тоҷик низ борҳо дар ироаи мавъизаҳои худ ба мардум таъкид кардаанд, ки беҳтар аст барои фарзандон номҳоро аз китобҳои исломӣ интихоб кунанд.
Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии маъруф дар Тоҷикистон, ки дар қисмати ҷануби кишвар масҷиди ҷомеъро имоматӣ мекунад, мегӯяд, манзури онҳо ба ин васила мамнӯъ кардани номҳои форсӣ набуд.
Проффесор Додихудои Саймуддин, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, як ниҳоди пуштибон аз забони тоҷикӣ, мутмаин аст, ки бо нашри феҳрасти номҳои форсӣ метавон дубора ин номҳоро дар миёни мардум зинда кард.
Оқои Саймуддин мегӯяд, дар ин феҳраст номҳои барои фарҳанги тоҷик бегона ва номҳое, ки аз ду ҷузъ иборат буда, як ҷузъи он аз забони дигар ворид шудааст, ҷо нагирифтаанд, ки ба бовари ӯ ба бархӯрди манфии сокинон рӯ ба рӯ нахоҳад омад.
Аммо Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи сиёсии “Озодагон”, ки ҳафтае як бор дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мунташир мешавад, мутмаин аст, ки феълан ба ин шакл пеши роҳи номгузории исломӣ дар кишварро гирифтан мушкил аст.
Вай афзуд, «Беҳтарин роҳ ба назар мерасад, ки роҳи миёна аст. Яъне роҳи интихоб гузоштан барои мардум. Худи сокинон бояд аз рӯйи дидгоҳ, эътиқод ва суннатҳое, ки доранд, ном бигузоранд.»
Бо ин ҳол, ҷонибдорону мухолифони номҳои форсӣ ва номҳои арабӣ дар Тоҷикистон кам нестанд.
Ҳар кадоме онҳо ба навбаи худ далеле ҳам доранд, ки чаро мехоҳанд бояд номи форсӣ ва ё номҳои арабӣ дар Тоҷикистон роиҷ бошад.
Дар ҳамин ҳол, тарҳи қонуни «масъулияти волидон» дар Тоҷикистон барои баррасии мардум пешниҳод шудааст, ки дар он низ таъкид шудааст, ки бояд волидон ба фарзандони худ бо дарназаргирии арзишҳои миллӣ номҳои муносиб бигузоранд.
Манзур аз чунин таъкид дар тарҳи қонун ин аст, ки сокинони Тоҷикистон пас аз мустақилияти кишвар дар бист соли ахир баробари тамошои сериолҳои мексикоӣ ва филмҳои омрикоиву ҳиндӣ ба фарзандони худ номҳои қаҳрамонҳои инфилмҳоро ҳам гузоштаанд, ки ба фарҳанги тоҷикон бегона аст.
Барои мисол, ҳоло дар Тоҷикистон номҳои Линда, Мария, Шоҳруххон, Симран ва ғайраро метавон вохӯрд.
Бо ин вуҷуд, дар Тоҷикистон кам касеро мешавад пайдо кард, ки барои фарзанди худ аз китобҳо ном биҷӯяд. Аксарият дар кишвар аз рӯйи шунида ва вобаста ба рӯзи таваллуди фарзанди худ ном мегузоранд.
Масалан, агар фразанд дар рӯзи ид ё ҷашне таваллуд шавад, Идигул ё Идибек мегузоранд.
Чунин аст, ки ҳоло дар фарҳанги номгузории Тоҷикистон номи Гелосу Анор ва Ангурро ҳам метавон пайдо кард.
Комментариев нет:
Отправить комментарий