! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.
25 мая, 2012
Маводи мухаддир, шариат ва собиқ муҷоҳидини тоҷик
Оё метавон пули маводи мухаддирро сарфи хайру садақа, аз ҷумла садақаҳои ҷорияе, чун бунёди масоҷид кард?
Маводи мухаддир, қочоқу тиҷорат ва гирифторӣ ба он пас аз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба сурате чунин густурда зуҳур кард. То кунун даҳҳо тан аз гирифторӣ ба ин мавод ҷони худро бохтаву даҳҳо тани дигар аз пушти он бехонаву дар ва ё ятим шудаанд. Ва кам касе ҳаст, ки аз даҳони ин “аждаҳои марг” раҳо ёфта ба зиндагии одиву пешинаи худ бозгашта бошад.
"Напурсед, ки тоҷикам аввал, ё мусалмон"
Борҳо аз ман пурсидаанд,
ки аввал тоҷикам, ё аввал мусалмон. Ин
суол мисли он аст, ки аз ҳамаи мо дар
хурдсолӣ мепурсанд, аввал падарамонро
дӯст дорем, ё модарамонро. Шояд он вақт
меҳрубонии модарро ба инобат гирифта
аввал модар гуфта бошему сипас падар
ва ё баръакс. Вале вақте дақиқ фикр
мекунӣ, онҳо бо ҳам гӯшту нохунанд ва
чӣ гуна мешавад гӯштро аз нохун ҷудо
кард?
21 мая, 2012
Гулрухсор: "Баски дар чашмаи чашмони занон ашк намонд..."
Подписаться на:
Сообщения (Atom)