Эшони Нуриддини Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон (Акс аз сафҳаи "Озодӣ") |
Вале бо ин ҳол, шунидани ин мавъизаҳо моро аз паҳлуҳои мухталифи дини ислом огоҳ месозад.
Агар ҳоло моро дар бораи "хуносои мушкил" бипурсанд, шояд аслан надонем. Агарчӣ дар ислом донистани он низ муҳим аст. Ман чанд рӯзи пеш мавъизаҳои қаблии Эшони Нуриддини Тӯраҷонзодаро тамошо мекардам, ки як қисмати он ба мавзӯи "хуносои мушкил" ихтисос ёфтааст. Онро дар Ютюб гузоштам, то дигарон низ бубинанд ва донанд, ки дини ислом, ҳамон тавре ки баъзеҳо мепиндоранд, танҳо аз намоз гузоштану рӯза доштан иборат нест. Ислом маҷмӯи қоидаҳоест, ки бо риояи он мо воқеан аз дигарон фарқ мекунем. Вагарна, фарқ миёни мо, мусулмонҳо ва динҳо дигар дар чист?
ШАРҲИ "ХУНОСОИ МУШКИЛ"
Комментариев нет:
Отправить комментарий