چاپخانه «نادر» در «دوشنبه»، پایتخت تاجیکستان کتابی را درباره روزگار و آثار «طاهر عبدالجبار»، معمار استقلال تاجیکستان، به طبع رساند. این کتاب در حالی روی چاپ آمده که از درگذشت آقای «عبدالجبار» بیشتر از دو سال سپری میشود و در طول این مدت حکومت تاجیکستان باری هم از نخستین تهیهکننده اعلامیه استقلال این کشور یادآوری نکرده است. «طاهر عبدالجبار» با وجود آن که در میان مردم تاجیک همچون فرد استقلال خواه باقی مانده است، اما مقامات دولتی او را هنوز هم بهعنوان مخالف خود میشناسند. حتا پس از مرگش.
! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.
30 мая, 2011
29 мая, 2011
23 мая, 2011
Шеър аз Сонӣ
САР БА САР МО МАРДИКОРУ ХАЛКИ БЕКОРЕМ МО,
ГУЛ БА ДОМОН, ХОК БАР САР, МАРДУМИ ХОРЕМ МО.
МО ГАРАНГИ ДАР ХАВОИ НАФС ХУШЁРЕМ БАС,
ХУФТАГОН, АММО БА ДИДАН ЧАШМИ БЕДОРЕМ МО.
БО ТАМАННОИ КАФАН АЗ ДОРИ ДУНЁ МЕРАВЕМ,
ГАРЧИ ТО РУЗИ КИЁМАТ ПУНБА МЕКОРЕМ МО.
МАРДУМИ ОЛАМ БА ДУРИХО НАЗАР АФКАНДААНД,
ДУР АЗ БИНИ НАДИДА, ДИДАИ ЧОРЕМ МО.
ДАР ХАРИТА ГАРЧИ МОРО НЕСТ ДАРЁИ КАБИР,
ДАР ТАЛОШИ ГАЙБАТИ ХАМ БАХРИ САРШОРЕМ МО.
ДАР ГАМИ БАРК АЗ САХАР ТО ШОМ МЕГАРДЕМ ГАРК,
МАМЛАКАТ БАРКАФКАНУ ДАР КУЛБАИ ТОРЕМ МО.
ОН КИ МОРО ДАР ТАЛОШИ ХАК КАСИ БЕГУРДА ГУФТ,
АЙ ТАБИБО, ГУРДАДОРИ МУРДАБЕМОРЕМ МО.
БОРИ МАЪНИ АЗ БИСОТИ МО КУЧО ОЯД БУРУН,
МО САБУКБОРОН ХАМА БАР ДУШИ ХУД БОРЕМ МО.
СУННАТИ АХМАД КУЧО ШУД, КОРИ БИДЪАТ МЕКУНЕМ,
АЗ КАДОМИН ОЛУ МАЗХАБ ХЕШ БИШМОРЕМ МО.
10 мая, 2011
08 мая, 2011
Эшони Нуриддин дар бораи "хуносои мушкил"
Эшони Нуриддини Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон (Акс аз сафҳаи "Озодӣ") |
Бозори Собир: "Ман, ки дасти Худо намебӯсам..."
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳарф задан дар бораи Бозори Собир осон нест. Чунки бештари мардум ӯро ба далели бедин ё атеист буданаш маҳкум мекунанд. Ҳамчунин, пешниҳоди бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ӯ дар сӯҳбаташ ба ҳафтаномаи "Миллат" баён дошта буд, дар ҷомеаи кишвар вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст.
Вале ман мехоҳам бо ин ки Бозори Собир бедин аст ва ё ба қавли худи ӯ паёмбареро ҷуз Ленин намешиносад, ба эътиқоди ӯ дахл накунем. Ин ҳаққи инсонии ӯст, ки чунин як дидгоҳ дорад. Агар ҷавобгарие ҳаст, бигузор ӯ ба сари худ ба ин ҳама посух гӯяд. Мо бояд ӯро бештар ба унвони шоире бишносем, ки дар ҳақиқат нотакрор аст. Шояд чунин бархӯрди мо, мусулмонҳо, сабаб шавад, ки ӯ дубора иштибоҳи худро дарк карда ва боз ҳам ба Аллоҳи якто рӯ орад.

05 мая, 2011
Навори сӯҳбати устод Ҳимматзода дар бораи "раҳбари рӯҳонӣ" (қабл аз даргузашташ)
Чанд моҳ қабл аз даргузашти устоди зиндаёд Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ба сӯҳбати эшон рафтам. Тақрибан чиҳил дақиқа мо дар мавзӯъҳои мухталиф сӯҳбат кардем, ки матни он дар сайти радиои "Озодӣ" чоп шуда буд.
Ҳангоми сӯҳбати мо бо устод Ҳимматзода ҷаноби Ҳикматулло Сайфуллозода низ он ҷо буд ва бо дастгоҳи аккосии банда чанд лаҳза аз ин сӯҳбатро наворбардорӣ кард. Ин наворҳо дар бойгонии банда "хобида" буданд. Вале ҳоло фурсат даст дод, ки онҳоро барои Шумо низ пешкаш кунем, то ба ин васила як бори дигар устоди марҳумро ба ёд орем.

01 мая, 2011
Нарзуллоҳи Азизиён: "Тифли миллат"
Дар чӣ ҳол афканда моро ғайрпарварҳои мо,
То куҷо хоҳанд бурданмон раҳбарҳои мо.
Ман қимобам аз дили нарму ҳам аз сарҳои хам,
То насозандӣ манори дигар аз сарҳои мо.
Дастандаркорҳо моро зи мо нашнохтанд,
Ғайрро доданд тоҷу тахту минбарҳои мо.
Кӯчиён дуздони қонунии шаҳри мо шуданд,
Бе гарав бурданд бо гаҳвора гавҳарҳои мо.
Дар ҷаҳони чустпарвар сустаконро ҷой нест,
Инчунин моро бурун карданд аз дарҳои мо.
Садди чинӣ нест, сад Чин доман густарад,
Аз дили мо то дили гарми бародарҳои мо.
Рӯди мо ҷорист, яъне рӯҳи мо нобастанист,
Роҳи мо бастанд гарчи нобаробарҳои мо.
Эй ватандорон, гиребони Ватанро сар диҳед,
К-ин ҳамин як пораву моему доварҳои мо!
Бимам аз девони ҳайбатноки кӯҳи Қоф нест,
Хуфта дар заҳдони нафси мост аждарҳои мо.
Модари миллат назояд ҳеҷ гаҳ тифли маҳал,
Тифли миллат кош мезоданд модарҳои мо!

Подписаться на:
Сообщения (Atom)