Бобои Муҳаммадисо |
Агарчи падараш таъкид карда буд, ки танхо наравад, ки ин хукхо ба инсон хучум мекунанд, лекин Мухаммадисои чавон аз он, ки тачрибаи набард бо ин хайвонхои сиёхи вахширо дошт, фахурона найзаи дастисохти худро гирифту ба рох баромад.
Дар рох ба корвони аспу шутур вохурд, ки хеле бо зиннат буданд. Ду аспи сафеди хушру як аробаеро бо хаймаи зебое мекашиданд. Дар гирду атрофи он 10-12 нафар аспсаворон ва аз окиб 2 шутури бордор меомад. Мухаммадисо чунин саворони зеболибосро бори аввал медид. Яке аз он саворон бо овози баланд ба хамсафаронаш хитоб карда гуфт, ки "Сарой" хамин чо! Онхо дар лаби дарёча аз маркабхо фуруд омаданду ба хайма задан шуруъ карданд.
Мухаммадисо аз модараш шунида буд, ки Хони Куканд дехаи моро дуст медорад. Дехаи моро "Сарой" меномад ва хангоми ба суи Ангарен рахсипор шуданаш дар ин деха истирохат мекунад.
Ба чавони дар хайма нишаста нигох карда тахмин кард, ки он писари Хон аст. Дар лаби дарёча то дери руз, то рафтани онхо ба тамошо нишаст. Вакте он мусофирон рафтанд, дид, ки нисфирузи шуда аст, ба суи хона баргашт. Дар рох падарашро диду тарсид. Падар дар хол ба суи у бо шитоб омада пурсид, ки аз хукхои вахши чи хабар?
Мухаммадисо рости гапро ба падар гуфт. Мадали, ки марди хашмноке буд ва бори аввал медид, ки писараш ба у итоат намекунад, ба газаб омад. Хатто дар атрофи купруки деха буда мардонро фаромуш карду ба писараш дарафтода сахт лату куб кард. Мардум тамошобин буданд ва касе ёрои манъ кардани уро надошт.
Ногох Мадали писари худро бардошта ба даруни хавзе, ки поёни купрук бачахо барои оббози сохта буданд, партофт. Мухаммадисо, ки сахт зарб хурда буду ба сардии об тоб намеовард, аз тарси падар аз об намебаромад.
Ногох аз кучое Чамол, ки аз дустони Мадали буду дар каду баст аз у мондани надошт, ба чои ходиса омад. Чамол ба назди дусташ омада фарёд зад, ки ту бачаатро куштани хасти? Ба назди Мухамадисо, ки аз сарди меларзид омада уро аз даруни об баровард ва чомаи худро ба вай пушонид...
Баъде чанде аз ин ходиса байни мардум гап-гап шуд, ки Чамол худаш ба писари Мадали хостгор шуда барои духтараш сафеди додааст.
Баъде чанде аз ин ходиса байни мардум гап-гап шуд, ки Чамол худаш ба писари Мадали хостгор шуда барои духтараш сафеди додааст.
Фаромарзи Абдувалӣ
(Давом дорад)
(Давом дорад)
Комментариев нет:
Отправить комментарий