! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

30 ноября, 2010

Имсол дар Тоҷикистон 14 мубталои СПИД фавтидаанд

Амониддин, сокини ҷавони Душанбе, бовар надошт, ки рӯзе ӯро барои ташхис ба маркази ҷумҳуриявии мубориза бо вируси норасоии масунияти бадан мефиристанд. Вай замоне ки мехост ба Амрико барои таҳсил равад, аз ӯ варақаи ташхис дар бораи ибтило будан ё набуданаш ба вируси ВИЧ ё худ ангезаи бемории масунияти баданро пурсиданд ва ӯ маҷбур шуд, ки ба ташхисгоҳи маркази мубориза бо бемории Вич-СПИД равад. 

Шумо кадом навъи мусиқиро меписандед?

29 ноября, 2010

Фарзонаи Хуршед: "Агар набошӣ, мемирам..."

Китобҳои мамнӯъи динӣ чӣ гуна ба Тоҷикистон меоянд?

Маҷаллаҳои "Шоҳидони Яҳво"
Зафар Раҳимови 35-сола, як пайрави созмони “Шоҳидони Яҳво”, ки соли 2007 фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, мегӯяд, имкони ворид кардани адабиёти ин созмон ба кишварро надоранд.

Вале мегӯяд ӯ, пайравону ҳаводорони “Шоҳидони Яҳво” метавонанд, ки матлаб ва маҷаллаву китоби ин созмони мазҳаби масеҳиро аз шабакаи Интернет дастрас кунанд.